Фалак (ар. فلک‎) — мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик. Дар Фалак, асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Таърих вироиш

Фалак маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид[1].

Фалак аз гурӯҳҳои хурди хонаводагӣ то ансамбли бузург дар Душанбе, аз Иттиҳоди Шӯравӣ то ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҷаҳонӣ шуд. Фалак аз қалбҳои нолон берун омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт. Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. </ref>

[2]

Фалак дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрӯз расидааст. Бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид.

Дар замони муосир низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак»-и дар рушди фалакхонӣ ниқши бориз дорад.

Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.

Омӯзиши Фалак вироиш

Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.[3]

Тавсифи мухтасар вироиш

Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ. Фалак таърихи бисёрасра дорад. Таърихан дар ду макон Кӯлобу Бадахшон ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ мегӯянд. Хелҳои жанрии он гуногунанд:

  • фалаки даштӣ,
  • фалаки роғӣ,
  • фалаки қаландарӣ,
  • фалаки сафарӣ,
  • фалаки равона,
  • бепарвофалак ва ғайра.

Ин санъати иҷрокунандагӣ дар муддати асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, мактаби ҳунарии худро низ таъсис додааст. Фалак дорои назарияву амалияи боест. Дар Бадахшон фалакхонӣ ҳамчун маддоҳхонӣ низ маълум аст. Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд.

Мавқеи ҷуғрофӣ вироиш

Жанри мусиқии «Фалак» ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии «Фалак»-ро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби «Фалак» ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ «Фалак»-ро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд. Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.[4]

Нигаред низ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. «Фалак» - падидаи барҷастаи фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик. www.falak.tj. 26 октябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 октябри 2022.
  2. Давлатманд Холов: Фалак аз қалбҳои нолон берун омад ва дар қалбҳои оламиён ҷой гирифт(тоҷ.). asiaplustj.info. 2022-10-26. 26 октябри 2022 санҷида шуд.
  3. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 72-73. — 280 с.
  4. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 72-73. — 280 с.