Фарангис Шарифзода

(Тағйири масир аз Фарангис Шарипова)

Фарангис Шарифзода (Шарипова Фарангис Худоиевна; зод. 10 октябри 1970, Душанбе) — омӯзгор, забоншинос, номзади илмҳои филология.

Фарангис Шарипова
Фарангис Худоиевна Шарипова
Таърихи таваллуд 10 октябр 1970(1970-10-10) (53 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Фарангис Шарипова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001). Аз соли 2001 муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ (сипас, зери номи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар ш. Душанбе). Аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ. Аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар ш. Душанбе.

Аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур.

Аз 13 июли соли 2022 директори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ таъйин шудааст[1].

Таълифот вироиш

Муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд[2].

Осор вироиш

  • Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ. — Душанбе: Ирфон, 2011. — 140 с.;
  • Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ». — Душанбе, 2011. — 140 с.;
  • Назарияи сохтори ҷумла. — Душанбе, 2013. — 220 с.

Эзоҳ вироиш