Фаррух Тӯрақул Ҷумазода — ходими давлатӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе (2017).

Фаррух Ҷумазода
Фаррух Тӯрақул Ҷумазода
Таърихи таваллуд 16 март 1969(1969-03-16)
Зодгоҳ

Зиндагинома вироиш

Фаррух Тӯрақул Ҷумазода 16 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими физика ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст. Соли 1991 дар мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе ҳамчун лаборант фаъолияти худро оғоз намудааст. Солҳои 1993-2006 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи дуюми Студияи телевизионии «Сомониён», муҳандис, муҳандис-оператори шуъбаи ташвиқот ва реклама, муҳандис-оператори маркази матбуот, сардори маркази матбуот, нозири калони нозироти зудамали мубориза зидди тасарруфи қувваи барқи Хадамоти истеҳсолию техникии «Тоҷикгосэнергонадзор»-и Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик», нозири «Госэнергонадзор»-и шаҳри Душанбе, сардори бахши сиёсати энергетикии Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2006 то 2016 дар Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» дар вазифаҳои Муовини сардори шуъбаи равобити иқтисоди берунаи Дастгоҳи марказӣ, Муовини сармуҳандис, Менеҷери истифодабарӣ ва хидматрасонии техникии Департаменти «Нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ» кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2016 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини директори иҷроияи Департаменти «Нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» фаъолият намудааст. 12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1]

Эзоҳ вироиш