Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон

Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон (ФМТК) — созмони ҷамъиятии варзишӣ марбут ба таэквондо ва кикбоксинг дар Тоҷикистон,

Таърих вироиш

Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 сабти ном шудааст[1]. Раиси федератсия Мирсаид Яҳёев — дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 8-ум мебошад. Дар айни замон бахшҳои варзишии федератсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Дар онҳо зиёда аз 2000 варзишгари аз 4 то 30-сола тамрин менамоянд. Федератсия аз соли 1992 то 2014-ум 5 мусобиқаи байналмилалӣ, 19 мусобиқаи миқёси ҷумҳуриявӣ, 16 мусобиқаи миқёси шаҳрӣ барпо кардааст, ки дар он зиёда аз 4000 варзишгар ширкат кардаанд.

Дастовардҳо вироиш

Федератсия дар тӯли мавҷудияти худ теъдоди зиёди ҷоизадорон ва чемпионҳои ҷаҳон, Осиёву Аврупо ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла: 59 чемпиони ҷаҳон[2] (16-тои онҳо ин унвонро аз 2 то 6 бор соҳиб гаштаанд), 6 Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 44 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, зиёда аз 400 дорандаи камарбанди сиёҳи данҳои (дараҷаҳои) аз 1 то 8-умро тарбия намудааст. Заминаи асосии тайёрии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзишии федератсия мебошад, ки дар он зиёда аз 800 кӯдак ва наврас, аз ҷумла, зиёда аз 150 духтар дар бахши таэквон-до тамрин мекунанд. Зиёда аз 200 нафар дар гурӯҳҳои маркази фитнес тамрин менамоянд. Дар федератсия 3 толори варзиш бо майдони умумии 600 м² ва 2 толори махсуси фитнес мавҷуд аст.

Айни замон дар федератсия 19 мураббии варзида машғулиятҳои варзишӣ анҷом медиҳанд. Соли 2009 федератсияи Душанбе дар байни ташкилотҳои варзишӣ якумин шуда барои фаъолияти таълими варзишӣ соҳиби иҷозатнома гашт ва ҳуқуқи аз таэквон-до чун маълумоти иловагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс доданро пайдо кард. Барои дастовардҳои баланди варзишӣ раиси федератсия Мирсаид Яҳёев соли 1996 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2011 бо ордени Шараф (дараҷаи 1); дастпарварони федератсия чемпионкаи ҷаҳон Шаҳло Муҳаммадраҳимова соли 2007 бо медали «Хидмати шоиста» ва ду карат чемпиони ҷаҳон Далер Тӯраев соли 2011 бо медали "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон " сарфароз гардиданд.

Мусобиқот вироиш

Соли 2012 вироиш

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до баргузор гашт, ки дар он зиёда аз 300 варзишгар аз 18 кишвари Осиё ширкат варзиданд.

Соли 2014 вироиш

Чемпионати ҷаҳон дар таэквон-до байни наврасон ва собиқадорон бо ширкати 52 кишвари ҷаҳон аз 2 то 11 августи 2014 дар Душанбе баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби таэквон-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФМТ) ҷойи сеюмро соҳиб гашта, 9 нафар: Набиев Фирӯзҷон, Зарипов Суҳробҷон, Набиева Ширинбону, Баҳромҷон Гадоев, Одинаев Илҳомҷон, Набиева Ширинбону, Шодмонова Маҳина, Урунов Фурқат, Зиёев Рустам медали тило, 12 нафар: Муродзода Муҳаммадшариф, Шарипова Анаҳита, Гулрӯ Ҳоҷиева, Мабатшоева Озода, Халифаев Маҳмуд, Шерхонов Хушнуд, Наимов Маҳмудҷон, Муродзода Муҳаммадшариф, Урунов Фурқат медали нуқра ва 14 нафар: Розиқова Хуснида, Ҳоҷиева Гулноз, Тағойназарова Рушана, Шамаева Озода, Юлдошева Муҳаббат, Болтаев Давлат, Ғанизода Азиза, Сироҷова Фирӯза, Каримов Беҳрӯз, Амирова Таҳмина, Эркабоев Ҷамшед медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Эзоҳ вироиш

  1. Национальная Федерация таэквон-до и кикбоксинга Таджикистана. vdushanbe.ru. Справочник г. Душанбе. 4 августи 2022 санҷида шуд.
  2. Шер Алиев. Сӣ соли шуҳрат. Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон солгардашро таҷлил мекунад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (17 августи 2022). 3 феврали 2023 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш