Феълҳои бевосита ва бавосита

Феълҳо аз ҷиҳати воситаи иҷрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафъул бевосита ва бавосита мешаванд. Феълҳои бевосита аз тарафи фоил (субъект) барои худи фоил воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд.Ба ин гурӯҳ ҳам феълҳои монда ва ҳам феълҳои гузаранда дохил мешаванд.

МисолҳоВироиш

Феълҳои бавосита ё барои мафъул (объект) воқеъ гардидани амал ва ё ба воситае иҷро шудани амалро мефаҳмонанд.Шаклҳои бавоситаи феъл бо роҳи ба асоси замони ҳозира ҳамроҳ кардани пасванди -он (-ён) сохта мешаванд. Ҳамаи феълҳои бавосита феълҳои гузаранда мебошанд.

МисолҳоВироиш

  • ...имсол деҳқонони он ҷоро кор фармуда ҳамон заминҳоро гандум ва шолӣ корондам (Садриддин Айнӣ).
  • Ба котиб гуфтам, ки идораро шӯёнад (Ҷалол Икромӣ).
  • Бачагон шабу рӯзашонро дар як ҷо мегузарониданд (Ҳаким Карим).

МанбаъВироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.- с.193