Феълҳои монда ва гузаранда

Феълҳое,ки ба мафъул (объект) бевосита гузаштани амалро намефаҳмонанд, феълҳои монда номида мешаванд. Масалан,хестан, нишастан, баромадан, дамидан, давидан, ларзидан, омадан, суҳбат кардан, ғалаба кардан, хомӯш шудан, хиҷолат кашидан ва монанди инҳо.Феълҳои таркибии номие, ки бо ёридиҳандаҳои шудан, гардидан, гаштан ва ёридиҳандаҳои ҳаммаънои он сохта шудаанд, феълҳои монда мебошанд.Саволҳои чӣ, чиро, киро бо феълҳои монда кор фармуда намешаванд.

МисолҳоВироиш

  • Давлат ҳайрон мешуд, ки ин ҷавон чӣ қадар пурдон аст (Раҳим Ҷалил).
  • Ҳамин тавр се-чор дарс мехонду ҷавоб мешуданд (Ҷалол Икромӣ).

Феълҳое,ки бевосита ба мафъул (объект) гузаштани амалро мефаҳмонанд, феълҳои гузаранда ном доранд:омӯхтан, ғундоштан, овардан, дидан, донистан, кашидан, коридан, такрор кардан, пешвоз гирифтан, омода сохтан, муайян намудан ва монанди инҳо.Аксарияти феълҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳи феълҳои гузаранда дохил мешаванд.Саволҳои чӣ, чиро, киро бо феълҳои гузаранда кор фармуда мешаванд.

МисолҳоВироиш

  • Низомиддин табассуми даври даҳонашро ғундошт (Ҷалол Икромӣ).
  • Кайҳо боз инқилобро мунтазир буд, зеро фаҳмида буд, ки инқилоб тоҷу тахти амир ва хонаи зулму зӯровариро хароб мекунад,бинобар он инқилобро хурсандона пешвоз гирифт ва аввалин неъмати инқилобро ба даст овард (Ҷалол Икромӣ).

МанбаъВироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.- с.191