Фотима Ғуломова
Фотима Ғуломова (Ғуломова Фотима Ҳасановна; 31 декабри 1934, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон — 1 марти 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1990).
Таърихи таваллуд: | 31 декабр 1935 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1 март 2021 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишФотима Ғуломова 31 декабри соли 1934 дар ноҳияи Шаҳринав, дар хонаводае, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст, ба дунё омадааст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд[1].
Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд. Ин ҷо низ ӯро лозим омад дар сафи Артиши Сурх хидмат кунад ва дар ҷангҳо зидди душманони Ҳокимияти Шӯроҳо ҷангад. Баъдан ба корҳои омӯзгорӣ машғул шуд, мактаб бунёд кард ва худи Нусратулло Махсум ӯро дар мактаби бунёдкардааш директор таъйин кард[2]. Фотима Ғуломова аз хурдӣ меҳри ҳунар дар қалбаш буд, аммо падараш тавсия медиҳад, ки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад. Аммо, зимни таҳсил дар соли саввум ӯро ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав мефиристанд[3]. Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо ва Марям Исоева ин донишкадаро хатм кард[4].
Хонавода
вироишФотима Ғуломова ҳамсари Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов мебошад[5].
Фаъолияти корӣ
вироишФаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) оғоз ёфт. Аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Фотима Ғуломова дар соҳаи театр ва кино зиёда аз 100 образ офаридааст.
Театр
вироишБеҳтарин нақшҳои иҷрокардааш дар намоишномаҳои театрӣ: Хонзода («Бой ва хидматгор»-и Ҳамза Ниёзӣ), Гонерил («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ), Нигина («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Бунафша («Духтари қишлоқӣ»-и М. Иброҳимов), Клариче («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), шоҳдухтар («Шоҳгавазн»-и К. Готсе), Любочка («Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич), бибӣ (филми «Овора»-и Г. Муҳаббатова), бибӣ («Нишона»-и А. Зокиров) ва ғ. Нақши зани тоҷикро дар бисёр намоишномаҳову филмҳо бо дарназардошти хислатҳои миллӣ хеле бомаҳорат бозидааст. Мунаққиди асарҳои театрӣ Римма Кречетова дар маҷаллаи «Иные берега» (чопи соли 2009) ба ҳунари бозигарии Фотима Ғуломова дар образи модари аламдор (намоишномаи «Омурзиш»-и Б. Абдураззоқов) баҳои баланд додааст. Ин намоишномаро он вақт Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарии «Дидор дар Русия» (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима Ғуломова ро минҳайси як ҳунарманди бузург муаррифӣ кард ва дар Порис тамошогарон маҳз ба хотири ҳамин нақши ӯ 40 дақиқа росто кафкӯбӣ кардаанд.
Синамо
вироишФитима Ғуломова дар чанд филм дар нақшҳои хурд ва ё лаҳзаӣ, ки дар Душанбе ба навор гирифта шудаанд, иштирок кардааст[6]. Ӯ дар филми «Овора»-и Далер Раҳматов нақши бибиро бозидааст[7].
Даргузашт
вироишФотима Ғуломова 1 марти соли 2021 дар 86-солагӣ дар шаҳри Душабе даргузашт[4] ва рӯзи 2 март дар оромгоҳи «Сариосиё»-и шаҳри Душанбе ӯро ба хок супурдаанд[8].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муллораҷаб Юсуфӣ. Соҷида Ғуломова даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ (10 марти 2018). 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Маэстро Исфандёр Ғуломов. www.pitfi.tj. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот. 2 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 августи 2018.
- ↑ Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Фотима Ғуломова даргузашт. ВИДЕО, САДО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Ҳунарманди маъруфи дигар Тоҷикистонро тарк кард(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Фотима Ғуломова: Аз дубора шавҳар накардан пушаймон нестам!(тоҷ.). oila.tj. 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Бозгашти "Овора"-и Тоҷикфилм аз Зиддӣ(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 2 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Муллораҷаб Юсуфӣ. Фотима Ғуломоваро дар оромгоҳи "Сариосиё" дафн карданд. ВИДЕО, АКС(тоҷ.), Радиои Озодӣ. Проверено 3 марти 2021.
Адабиёт
вироиш- Ғуломова Фотима / Д. Каримов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
Пайвандҳо
вироиш- Фотима Ғуломова(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database