Хайрулло Абдуллоев
Хайрулло Абдулло́ев (1 феврали 1930, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 19 ноябри 2008[1], Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсози тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1986). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004)[2].
Хайрулло Абдуллоев | |
![]() Хайрулло Абдуллоев | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 феврал 1930 |
Зодгоҳ | Кӯлоб |
Таърихи даргузашт | 19 ноябр 2008 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар |
![]() |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2004), Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
ЗиндагиномаВироиш
Хайрулло Абдуллоев дар ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб чашм ба дунё омадааст кушодааст[3]. Мусиқии халқиро аз падар, сипас аз устодони машҳури санъати мусиқии халқӣ С. Вализода, С. Каримов, С. Султонов ва З. Қаландаров омӯхтааст. Солҳои 1942 — 52 ғижакнавози Театри мусиқии драмаи Кӯлоб буд. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1953) ва Консерваторияи давлатии Москва (1958).
Фаъолияти корӣВироиш
Муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1958), муҳаррири калон ва сармуҳаррири Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик (1960 — 65 ва 1968 — 78), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1978 — 80). Аз соли 1980 муҳаррири коллегияи репертуарӣ-редаксионии Вазорати фарҳанги ҶТ.
ЭҷодиётВироиш
Эҷодиёти Абдуллоев обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Абдуллоев оҳангсози навовар ва соҳибистеъдод буда, анъанаи бойи санъати мусиқии классикӣ, халқӣ ва муосирро дар эҷодиёташ моҳирона истифода кардааст.[4]
ОсорВироиш
Асарҳои ӯ саршори самимият, лиризми дилнишин ва нафосати хоси мусиқист:
Трио барои скрипкаВироиш
- виолончел ва фортепиано (1956);
- кантатаи «Садои Осиё»;
- консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ (1958);
- симфониэтта (1963),
Достонҳои вокалӣ-симфонӣВироиш
- «Нолаи Таҳмина» аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1967),
- «Ахтари инқилоб» (шеъри С. Айнӣ, 1976),
- «Роҳи хирад» (шеъри Ҳ. Ғоиб, 1985);
- 4 рақси симфонӣ (1973);
Сюитаҳои рақсӣВироиш
- «Ҷои Душанбе»,
- «Сюитаи рақсӣ» (барои ансамбли «Лола»),
Сюитаҳои вокалӣ-инструменталӣВироиш
- «Таронаи Вахш»,
- «Навоҳои кӯлобӣ»,
Мусиқӣ барои драмаҳоВироиш
- мусиқии «Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов,
- «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар,
- намоишномаҳои «Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ,
- «Хазони зери по»-и Ф. Ғуломова,
- «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло (бо ҳамроҳии А. Одинев),
- «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ,
- «Чанори гӯё»-и Б. Раҳимзода ва ғайра.
СурудҳоВироиш
Абдуллоев муаллифи як силсила сурудҳо мебошад:
- «Эй дил» (шеъри А. Лоҳутӣ),
- «Аскарбача» (шеъри А. Қодирӣ),
- «Духтари помирӣ» ва «Душанбе» (шеърҳои М. Ҳайдаршо),
- «Марҳабо» (шеъри Б. Раҳимзода),
- «Суруди Душанбе» ва «Дӯстии тоҷикону Хитой» (шеърҳои А. Қодирӣ),
- «Наврӯзи Душанбе» (барои хори бачагона),
- «Эй ёр, куҷо рафтӣ» (шеъри Ҷалолуддини Румӣ),
- «Тоҷик ҳама ҷосту Тоҷикистон яктост» (шеъри Гулназар),
- «Дидам Ватанам» (шеъри Н. Бақозода),
- «Ушшоқи Анзоб» (шеъри С. Аюбӣ) ва ғайра
Асарҳо бо услуби овозхонии акапеллаВироиш
Абдуллоев ҳамчунин ба услуби овозхонии акапелла зиёда аз 25 асар таълиф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо:
- «Дил дигар»,
- «Ҳавои чаманам орзуст»,
- «Кӯҳи Ҳисор»,
- «Сад доғ»,
- «Регравон».
ҶоизаҳоВироиш
Бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК (аз 1963).
ДаргузаштВироиш
Хайруллоҳ Абдуллоев 19 ноябри 2008 дар манзили худ дар шаҳри Душанбе бар асари бемории тулонӣ дар синни 79 солагӣ даргузашт[5].
ЭзоҳВироиш
- ↑ Из жизни ушел известный таджикский композитор Хайрулло Абдуллоев. ASIA-Plus. www.asiaplus.tj. 20 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ Президенти Тоҷикистон(тоҷ.). Сайти расмии Президенти Тоҷикистон. www.president.tj (3 сентябри 2004). 20 июли 2017 санҷида шуд.
- ↑ Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.
- ↑ Обидпур Ҷ. . — Душанбе,Аржанг, 2019. — С. 480. — ISBN 978-999-47-43-90-2.
- ↑ Даргузашти Хайруллоҳ Абдуллоев, оҳангсози тоҷик(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 24 феврали 2021 санҷида шуд.
АдабиётВироиш
- оҳангсозы Таджикистана, Д., 1987;
- оҳангсозы и музыковеды Таджикистана, Д., 2010.
СарчашмаВироиш
- Абдуллоев Хайрулло // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.