Гданск, халиҷи Гданск (лаҳӣ: Zatoka Gdańska; Шаблон:Lang-csb; олмонӣ: Danziger Bucht) — халиҷ дар қисми ҷанубу ғарбии баҳри Балтика, дар соҳилҳои Русия ва Лаҳистон. Дар байни нимҷазираи Земланд (дар шарқ) ва нимҷазираи Хел (дар ғарб) ҷойгир аст. Дарозиаш 74 км, бараш дар назди даромадгоҳ 107 км, умқаш то 115 м. Шӯрии об камтар аз 8 %0. Ба халиҷ дарёи Висла, чандин дарёи нисбатан хурди дигар, инчунин дарёи Преголи тавассути халиҷи Калининград ва гул. Балтика мерезанд. Зимистони соли 1929 дар Г. пасттарин ҳарорат (-40°С) ба қайд гирифта шуд; халиҷ то нимҷазираи Хел тамоман ях баст. Соҳилҳои Г. регзор буда, дар он шаҳр-бандарҳои бузурги Гдиня, Гданск (Лаҳистон), Балтийск (Русия) воқеанд.

Халиҷи Гданск
Нигора
Дарёҷой барои Висла[1], Nogat[d] ва Pregolya[d][1]
Номида ба шарафи Гданск
Кишвар
Ҳаммарз бо Гданск, Sobieszewska island[d], Nowy Port[d], Brzeźno[d], Żabianka-Wejhera-Jelitkowo-Tysiąclecia[d], Przymorze Wielkie[d], Stogi[d], Krakowiec-Górki Zachodnie[d], Przeróbka[d] ва Jelitkowo[d]
Жарфои амудӣ 120 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш