Хомшӯрбо

  • Тарзи тайёр намудани хомшӯрбо: барои тайёр кардани он маҳсулотҳои зерин лозим аст: гӯшти гӯсфанд 500 г, равғани думба 150 г, 2-3 дона сабзӣ, 3-4 дона картошка, 2-3 дона шалғам, 2-3 дона пиёз, як пиёла нахӯди таркардашуда, 1 қошуқ зираро, ки барои пухтан омода шудааст, ба даруни дег мегузоранд. Аз болои он оби хунукро андохта меҷӯшонанд. Баъди ҷӯшидан кафки ба болои об пайдошударо бо қошуқ мегиранд. Пас аз камтар пухтани гӯшт қаламфури булғориро пора намуда, ба дег меандозанд. Вақте ки хомшӯрбо тайёр шуд, ба коса гирифта, ба болои он кабудии резашударо меандозанд.
  • Тарзи дигари тайёр намудани хомшӯрбо: Гӯшти гӯсфанд (тӯш, қабурға ва каме равғанаш)-ро ба дег андохта меҷӯшонанд. Кафки шӯрборо намегиранд (баъд аз андохтани пиёз худ аз худ нест мешавад). Ба шӯрбо пиёз ва сабзии бутун, помидори резашуда, намак ва адвиёт илова мекунанд. Баъди 20 дақиқаи ҷӯшидан ба он картошкаи бутун меандозанд ва оташро паст карда, пухтанро давом медиҳанд. Пас аз он ки картошка пухт, таомро аз болои оташ мегиранд; 3-4 дақиқа пеш аз пухтани шӯрбо ба он кашничи майда резашуда илова мекунанд. Гӯшти таомро бо сабзӣ ва картошка ба табақ гирифта, ба рӯяш зира мепошанд. Шӯрбояшро ба косаҳо мекашанд. Барои хомшӯрбо 500 г гӯшт, 500 г картошка, 400 г сабзӣ, 5 дона пиёз, 4-5-то помидор, барги ғор, намак, 1-2 дона қаламфур, ним бандча кашнич ва 1 қошуқча мурч лозим аст..[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Ершов Н., Пища // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, Д.,1970.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Шӯрбоҳо. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
  2. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 156