Хонигарии Бухоро
Хонигарии Бухоро (аз соли 1753 Аморати Бухоро)- давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна (а. XVI – ибтидои а. XX). Давлате, ки аз тарафи Шайбониён дар асоси давлати парокандашудаи Темуриён ташкил ёфта, дар охири асри XV номи «Хонигарии Бухоро»-ро гирифт. Дар аҳди салтанати Абдуллоҳхони II (1557 – 1598) хонигарӣ аз ҷиҳати сиёсӣ пуриқтидор ва сарзаминаш хеле васеъ гардид. Абдуллоҳхони II Балх (1573), Самарқанд(1578), Тошканд (1582),Фарғона (1583), Бадахшон (1584), Кӯлоб (1585),Хуросону Ҳироту Машҳад(1582 – 1583), Хоразмро (1593 – 1594) зери итоати худ дароварда, идораи марказии давлатро мустаҳкам намуд. Давлат аз Қошғар (дар Шарқ) то Туркистону Сайрам (дар Шимол) ва то қисми шарқии Хуросон (дар Ҷануб) доман паҳн намуд. Дар аҳди Шайбониён Бухоро бо Ҳиндустон, Туркия, Россия савдо ва муносибатҳои дипломатиро ривоҷ дод. Пас аз вафоти Абдуллоҳхон (1598) дар натиҷаи низоъҳои дохилие, ки дар аҳди ӯ сар шуда буданд, писараш Абдулмуъмин кушта шуд (1599) ва сулолаи Шайбониён барҳам хӯрд.[1]
Хонигарии Бухоро | |
Парчам | |
![]() | |
Таърихи таъсис | 1500 |
---|---|
Забони расмӣ | порсӣ ва чағатойӣ[d] |
Қитъа | Осиё |
Пойтахт | Бухоро |
Навъи ҳукумат | Динсолорӣ ва подшоҳии мутлақ[d] |
Иваз шуд ба | Аморати Бухоро, Хонигарии Қӯқанд[d] ва Durrani Empire[d] |
Ба ҷои | Темуриён ва Uzbek Khanate[d] |
Таърихи фурӯпошӣ | 1785 |
![]() | |
![]() |
ЭзоҳВироиш
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 122