Хоҷа Юсуф Вазеҳӣ
Махдуми Хоҷа Юсуф Вазеҳӣ (وضیحی), шоири тоҷик (охири садаи XVII – аввали садаи XVIII). Дар мадрасаи зодгоҳаш Ӯротеппа таҳсил карда, баъд ба Хоразм рафт. Дар муҳити адабии Хоразм ба камол расида, дар сурудани ғазал маҳорат ёфт. Дар 36-солагӣ девони ғазалиёташро (иборат аз 383 ғазал) тартиб додааст. Аксари ғазалҳояш дар пайравии Ҳофизи Шерозӣ эҷод шудаанд:
Махдуми Хоҷа Юсуф Вазеҳӣ | |
Номи пурра | Махдуми Хоҷа Юсуф Вазеҳӣ |
Таърихи таваллуд: | садаи XVII |
Зодгоҳ: | Истаравшан |
Таърихи даргузашт: | садаи XVIII |
Маҳалли даргузашт: | Хоразм |
Навъи фаъолият: | шоир |
- Хумори ҷоми муштоқӣ чунон афтод дар дилҳо,
- «Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо».
Ғазалҳои Вазеҳӣ ишқӣ ва орифона буда, дар баъзеашон масъалаҳои ҳимояи мазлумон ва танқиди аҳли риё, зулм садо медиҳанд. Вазеҳӣ рубоӣ, мухаммас, мусаддас, мустазод ва маснавӣ низ навиштааст. Дар ашъори ӯ майли риндона ба назар мерасад:
- Вазеҳӣ, дар миён зуннор баста рав ба сӯйи дайр,
- Ки аз ҳар ҷониб овози муборакбод меояд.
Мақбараи Вазеҳӣ дар мавзеи Ҳисори гузари Софи Мазори Ӯротеппа воқеъ аст ва то ҳол (2014) ҳамчун ёдгори таърихӣ ҳифз шудааст. Ад.: تذکرة الشعرای محترم. دوشنبه، ۱۹۷۵. .
Сарчашма
вироиш- Вазеҳӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.