Хуршед Абдуллозода

Хуршед Абдуллозода (25 сентябри 1940, Хуҷанд — 10 январи 2013[1]) — физикдон, муаррихи илм, номзади илмҳои физикаю математика (1983), доктори илмҳои таърих (1990), профессор (1991).

Хуршед Абдуллозода
Хуршед Файзуллоевич Абдуллозода
Таърихи таваллуд 25 сентябр 1940(1940-09-25)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 19 январ 2013(2013-01-19) (72 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти педагогии Ленинобод ба номи Киров (1963)

Зиндагинома

вироиш

Факултети физикаи Институти педагогии Ленинобод ба номи Кировро хатм кардааст (1963). Солҳои 1965—1990 лаборанти калон, ходими хурд, ходим ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Аз соли 1991 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти илмӣ-омӯзгории хешро давом дода, ҳамзамон, солҳои 1995—2005 ходими калони илмии кафедраи илмӣ-тадқиқотии ЮНЕСКО буд. Cолҳои 1998—2008 ӯ мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Хуршед Абдуллозод мутахассиси соҳаи таърихи илм аст, тадқиқоташ ба таҳлилу баррасии дастнависҳо — мероси илмии астрономию математикии мутафаккирони мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна бахшида шудааст. Хуршед Абдуллозода муаллифи 8 монография (дутоаш бо ҳаммуалифӣ)ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва илмӣғметодӣ аст. Се китоби ӯ дар Эрон ба забони форсӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Соли 2012 Х. Абдуллозода барандаи унвони «Шаҳрвади ифтихории шаҳри Рашт», лавҳаҳои фахрии донишгоҳҳои Гелон, Ардабил ва Хонаи риёзии шаҳри Бандари Анзали Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст. Ӯ соҳиби нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ҷоизадори мукофоти ба номи академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм (2011) мебошад.[1])

  • Абу Махмуд Худжанди. — Д., 1986 (соавтор);
  • Кушияр Джими. — Д., 1990;
  • Таърихи риёзиёт дар Шарқи Наздик ва Миёна. — Х., 1999.
  • Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик. — Х., 2005.
  1. 1.0 1.1 М. Нарзиев. Абдулла-Заде Хуршед Файзуллоевич. Сайт ГисАО.

Пайвандҳои беруна

вироиш

Сарчашма

вироиш