Ҷалилов Хуршед Мақсудович — олим, информатик-математик. Номзади илмҳои физика-математика (1995), дотсент (1997).

Хуршед Ҷалилов
Ҷалилов Хуршед Мақсудович
Таърихи таваллуд 18 май 1968(1968-05-18) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ информатик - математик
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика-математика (1995)
Унвонҳои илмӣ дотсент (1997)
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ҷалилов Хуршед Мақсудович 18- уми майи соли 1968 дар деҳаи Мағмуруд, ноҳияи Рудакӣ, дар оилаи муаллим (зиёӣ) ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ва соли 1997 факултаи “Тиҷорати муҳандисӣ ва менеҷмент” –и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ-ро низ бо дипломи аъло хатм намудааст. Моҳи августи соли 1991 ба сифати коромӯз-тадқиқотчӣ дар факултети механика ва математика ба кор оғоз намудааст. Аз моҳи декабри соли 1991 то моҳи декабри соли 1994 аспиранти шуъбаи рӯзонаи назди кафедраи “Моделсозии математикӣ ва оптимизатсия” -и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми аспирантура, аввал дар кафедраи “Моделсозии математикӣ ва оптимизатсия” ба сифати ассистент ба кор шурӯъ намуд, баъдан аз моҳи апрели соли 1995 ба вазифаи сардори шуъбаи “Ба нақшагирӣ ва ташкили тадқиқотҳои илмӣ” дар ҚИТ ДМТ гузаронида шуд. Аз 1-уми сентябри соли 1997 ба вазифаи дотсенти кафедраи “Моделсозӣ ва информатика” ва аз 25-уми сентябри соли 2004 ба сифати дотсенти кафедраи информатика ифои вазифа намудааст. Моҳи декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи “Моделсозӣ ва системаҳои информатсионӣ” ва аз моҳи октябри соли 2016-ум иҷрокунандаи вазифа ва аз моҳи феврали соли 2017 мудири кафедраи “Информатика”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, кор ва фаъолият менамояд. Қайд менамоем, ки иловатан, ба тариқи ҳамкор аз соли 1997 то соли 2016 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбар, сармутахассис, сардори шуъбаи кадр ва таълим ифои вазифа намудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Соли 1995 дар зери роҳбарии профессор М.Юнусӣ дар мавзӯи “Дар бораи ҳалли масъалаҳои интегро-дифференсиалӣ бо шарти аввалаи функсионалӣ” рисолаи номзадии худро ҳимоя кардааст. Кори иҷронамудаи илмии ӯ ҳам ҷанбаи назариявӣ ва ҳам ҷанбаи амалӣ дошт. Аз нуқтаи назари арзишмандӣ, синфи нави масъалаҳоро мавриди тадқиқот қарор додааст. Натиҷаҳои ба даст овардашударо бошад, мумкин аст, дар моделсозии саршумори популятсияҳои биологӣ, миқдори зарраҳои элементарии равандҳои физикӣ ва дар лоиҳасозии чорабиниҳои ҳимояи ҳосил аз зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ ва ҳимояи навъҳои нестшаванда истифода бурдан мумкин аст. Фаъолияти илмии ӯ асосан, ба ҳалли масъалаҳои моделӣ бо шартҳои аввалаи функсионалӣ бахшида шудааст.

Осор вироиш

Фаъолияти илмии Х.М.Ҷалилов дар як монография, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, 6 васоити методӣ-таълимӣ, зиёда аз 200 хабару мақолаҳо дар ВАУ ва зиёда аз 20 дастурамал дар соҳаҳои мухталиф ба табъ расидааст.

Китобҳо (Монографияҳо) вироиш

  1. О решение модельных задач с функсиональными начальными условиями. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе, 2014с., -112 с.

Васоити таълимӣ вироиш

  1. Барномасозии мантиқӣ. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе:Сино, 2004с, 83с.;
  2. Информатика, намунаҳои тестӣ. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе:Фермер, 2010с. -24с.; 3).
  3. Методҳои оптимизатсионӣ, намунаҳои тестӣ. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе:Фермер, 2010с. -24с.;
  4. Ҳалли масъалаҳои оптимизатсионӣ дар Excel. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе-Эрграф, 2015с. -67 с.;
  5. Забони барномасозии С#: Барномаҳо ва қайдҳои умумӣ. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе-Эрграф, 2016с.-120с.;
  6. Таҷрибаомӯзии таълиму ҳисоб: намунаи корҳои лабораторӣ, нишондодҳои методӣ ва супоришҳо барои донишҷӯён. Х.М.Ҷалилов. -Душанбе-Эрграф, 2018с.-60с.;

Дастурамалҳо вироиш

  • Вазорати кишоварзӣ 75-соли пуршараф/ Х.М.Ҷалилов, З.Муминшоева, Душанбе - 1999с, 50 с.;
  • Шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Қ.П.Партоев, Душанбе-2004с. -32 с.;
  • Хоҷагиҳои деҳқонӣ: омӯзиш, таҳлил ва хулосаҳо / А.Ф.Шарипов,, Душанбе-2004с. -20с.;
  • Андоз ва муносибатҳои андозсупорӣ, / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе-2005с. -28с.;
  • Тартиби супоридани андоз ва гирифтани кредит / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе-2005с. -20с.;
  • Ҳуқуқ, ташкил ва идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар маҳал/ А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе-2005с, 2009 (таҳрири нав). -16с.;
  • Дастури мухтасари фермер / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе-2006с. -24с.;
  • Роҳнамои фермер / А.Ф.Шарипов, Ш.Р.Раҳимов, Қ.П. Партоев, Х.М.Ҷалилов, Ш.Т.Душанбе-2004с. -174с.;
  • Маводҳои омӯзишӣ, барои мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорон / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе-2005с. 2009 (таҳрири нав). -16с.;
  • Ташкили кооперативҳо / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, А.Акрамов, Душанбе- 2009с. -16с.;
  • Асосҳои иқтисодиёти фермерӣ / А.Ф.Шарипов, Х.М.Ҷалилов, Душанбе, 2005с. 2010 (таҳрири нав). -72с.;

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш