Хушдили Абдулғафур

Хушдили Абдулғафур — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Хушдили Абдулғафур
Хушдили Абдулғафур
Таърихи таваллуд: 20 июл 1953(1953-07-20) (70 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Хушдили Абдулғафур 20 июли соли 1953 дар деҳаи Шинги ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш фаро гирифтааст. Аз овони мактабхонӣ дар пайравии шоирони классик ва муосири тоҷик машқи шеър кардааст. Донишу малакаи ӯ ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон такмил ёфтааст. Аввалин навиштаҳояш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Дар ибтидо машғули фаъолияти омӯзгорӣ буда, аз соли 1993 дар муассисаи сохтмон, аз соли 1996 дар КМ «Зарафшон» кор мекунад. Ҳамзамон, аз соли 2007, корманди рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» аст.

Эҷодиёт вироиш

Маҳсули эҷоди ӯ дар маҷмӯъҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи «Забони хома» (1997), «Ангора» (2001), «Домани лутф» (2012) ба чоп расидааст. Мураттиби фарҳанги соҳавии русӣ ба тоҷикии «Вожаномаи мухтасари бинокор» (1997) мебошад.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Сарчашма вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 22 ISBN 978-99947-2-379-9