Хочилдиёри Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Хочилдиёри Боло то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 1387 нафар (2020[1]; 1214 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Деҳа
Хочилдиёри Боло
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1214 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ном вироиш

Номи (топоними) «Хӯчилдиёр» вожаи суғдист. Хучур, хучир, хучил маънои диёри сарҳадӣ ё канориро дорад. Хӯчилдиёр на Хоҷачилдиёр, диёрест, канорӣ ва дурдаст, ки дар ҳадду канори Ҳисори Шодмон ва Суғди Самарқанд (Болооби Зарафшон) воқеъ шудааст. Вожаи Хучур, Хучир ва Хучил аз як решаанд[3].

Таърих вироиш

Хӯчилдиёри Боло диёрест куҳан, ки таърихаш ба давраҳои давлатдории Кушониён рафта мерасад. Аз асари таърихию археологии академик Аҳрор Мухторов «Ҳисори бостон» (очерки таърихӣ) маълум мегардад ва бозёфтҳои археологии Қалъаи Ҳисор гувоҳӣ медиҳанд, ки қубурҳои обгузари дар қарнҳои ХIV-ХV м. сохташуда, оби гуворо аз чашмаи мазори Хӯчилдиёр ба даруни қалъа оварда шуда будааст. Ин аз қадима будани деҳа дарак медиҳад. Дар бораи ин деҳа ривоятҳои бисёре паҳн шудааст, ки асос ва мадракҳои таърихӣ надоранд. Аз ҷумла, гӯё дар давраи истилои муғул чил нафар аз мавзеи Даҳбеди Самарқанд ба ин ҷо омада, дар домани кӯҳ макон гирифта, деҳаро асос гузоштаанд. Ривояти дигаре низ ҳаст, ки бо номи «Хоҷагони чил диёр» ва ё «Чилтан» машҳур аст[3].

Иқтисод вироиш

Дар деҳа мактаби миёна, масҷиди панҷвақтава 3 дӯкону мағоза ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Аҳолӣ ба боғдорию зироатпарварӣ ва чорводорӣ машғул аст[3].


Эзоҳ вироиш

  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. 3.0 3.1 3.2 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 603—604