Open main menu

Чазов Евгений Иванович

Чазов Евгений Иванович - (тав. 10 июни 1929 Русия), олим, доктори илми тиб (1963), профессор (1965). Академики АИ ИҶШС (АИ Русия, 1979), академики АИТ ИҶШС (АИТ Русия, 1971). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010).

Чазов Евгений Иванович
Чазов Евгений Иванович
267x400px
Санаи таваллуд:

10 июни соли 1929

Зодгоҳ:

Русия

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

олим

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб[d]

Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Чазов Евгений Иванович дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Институти тиббии Киевро хатм кардааст (1953). Узви хориҷии АИ ҶТ (1997). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: инфаркти миокард ва масъалаҳои дигари кардиология. Директори Институти терапияи (Институти кардиология) Академияи илмҳои тиббии ИҶШС (1965 – 1967), сардори Раёсати 4-уми Вазорати тандурустии ИҶШС (1967-1986), муовини вазир (1968-1986), вазири тандурустии ИҶШС (1987-1990). Директори Маркази умумииттифоқии илмии кардиологии Академияи илмҳои тиббии Русия (1990 – то имрӯз).

МукофотВироиш

  • Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978).
  • Бо чор ордени Ленин, ду ордени «Барои хизмат баҳри Ватан» дараҷаи 2, медалҳо тақдир шудааст.
  • Узви ифтихории академияҳои зиёди хориҷӣ, доктори ифтихории чандин донишгоҳҳои хориҷӣ.
  • Дорандаи Ҷоизаи Ленин (1982), Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1969, 1976, 1991), ҷоизаи ФР (2003).
  • Бо медали тиллои ба номи М.В.Ломоносов (АИР, 2003), ҷоизаҳои ба номи С.П.Боткин (1967), А.Л.Мясников (1977).
  • Фонди Леон Бернар бо медали «Барои хидматҳои барҷаста дар соҳаи тибби ҷамъиятӣ» (1997).[1]

Пайвандҳои берунаВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.