Чакка
Чакка — як навъ маҳсулоти шириро гӯянд. Асосан дар Осиёи Миёна маъмул аст. Дуғро одатан ба халта андохта ба мех меовезанд, ки дар натиҷа зардоби он рафта, чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе маҳалҳо чаккаро аз ҷурғот ҳам тайёр мекунанд. Витаминҳо ва моддаҳои органикии ҷурғот дар чакка пурра боқӣ мемонанд. Чакка маҳсулоти серғизо ва парҳезист. Аз он қурут ва маҳсулоти дигар тайёр мекунанд.
Таркибот | |
---|---|
Асосӣ | Дуғ |