Чингиз Бозкурт
Чингиз Бозкурт (тур. Cengiz Bozkurt); тав. 24 декабри 1964, Навшаҳр, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.
тур. Cengiz Bozkurt | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Mehmet Cengiz Bozkurt |
Таърихи таваллуд: | 24 декабр 1964 (59 сол) |
Зодгоҳ: | Навшаҳр (Туркия), Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1990-то ҳол |
Самт: |
театр телевизион синамо |
IMDb: | ID 1892960 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишЧингиз Бозкурт 24 декабри соли 1964 дар шаҳри Навшаҳри мамлакати Туркия ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи худро дар мактаби миёнаи Отатурки Анқара хатм кардааст. Маълумоти олии худро дар соҳаи физика дар ДТШН (Донишгоҳи техникии Шарқи Наздик) соли 1984 оғоз намуд ва соли 1990 тасмим гирифт, ки ҳунарпешаи театр шавад ва шуъбаи физикаро тарк кард. Ҳамин ки ӯ донишгоҳро тамом кард, ба Англия рафт. Тӯли 14 соли саёҳати худ дар Англия, ӯ дар корҳои гуногун, ба монанди савдо, ронандагӣ, посбон кор кардааст. Ӯ бо сабаби хуб донистани забони англисӣ, намояндаи иттиҳодияҳои хориҷиён дар Лондон шуд.
Чингиз соли 1996 маълумоти дуввуми олияшро дар риштаи "ВАО ва иртибот" дар Голдсмитс, Донишгоҳи Лондон, Бритониёи Кабир гирифтааст. Дар ин бахш ӯ телевизион, синамо ва иртиботро омӯхт. Пас аз хатм, ӯ ба сохтани филмҳои ҳуҷҷатӣ барои телевизион шурӯъ кард. Ӯ коргардони филмҳои кӯтоҳҳаҷм буд. Сафари ҳунарии худро дар Туркия оғоз карда, дар Бритониёи Кабир идома додааст.
Чингиз дар бисёр ҷаласаҳо дар Лондон ширкат варзидааст. Ӯ дар саҳнаҳои театр нақш бозидааст. Аз як тараф, ӯ барои телевизион филмҳои ҳуҷҷатӣ омода мекард. Ҳангоме ки ӯ дар театр кор мекард, мехост ҳунарпешагиро тарк кунад ва таваҷҷуҳ ба филмҳои ҳуҷҷатӣ кунад, дар он ҷо бо Меҳмет Эргенро, ҳунарманди дигари театри туркӣ дар Лондон вохӯрд. Бо исрори Меҳмет Эрген ӯ тасмим гирифт, ки фаъолияташро идома диҳад. Баъдтар, таҳти роҳбарии Меҳмет Эрген, бо чор дӯсташ театре бо номи Театри Аркола таъсис доданд. Онҳо тавонистанд дар муддати кӯтоҳ номи Театри Арколаро дар Британияи Кабирро эълон кунанд.
Фаъолият
вироишДар ҳоле ки Чингиз Бозкурт зиндагии худро ҳамчун ҳунарманд идома медод, ӯ инчунин филмҳои кӯтоҳ ба навор мегирифт. Филмҳои кӯтоҳҳаҷми ӯ дар фестивалҳо намоиш дода шудаанд. Соли 2003 ар намоишномаи Kent Oyuncuları иҷрои хуб нишон доданд, ки роҳро ба сӯи Туркия боз намуд. Барои иҷрои ин намоиш онҳоро ба Истанбул даъват карданд. Бо ин бозӣ Бозкурт ба ватанаш баргашт, ки 14 сол аз Ватан дур буд.
Пас аз чанд иҷро, ӯро ба ҷоизаи ҳунарпешагӣ дар шуъбаи театр пешниҳод намуданд. Пас аз ҳунарнамоиҳои бомуваффақаш дар театр, ӯ кор дар телевизион ва синаморо шурӯъ кард.
Соли 2005 ӯ дар чор силсилафилм нақшҳои кӯтоҳро бозидааст: Kurşun Yarası, Kırık Kanatlar, Körfez Ateşi, Seni Çok Özledim.
Соли 2006 низ дар силсилафилмҳо нақши ноаёнро бозидааст. Ва билохира ӯро ба филми амрикоии The Net 2.0 даъват намуданд, ки ӯро ҳамчун ҳунарпешаи синамо каме муаррифӣ намуд. Дар ин филм ҳунарпешаҳои маъруф Шабнам Донмез ва Никки Делоач низ ҳунарнамоӣ намудаанд. Соли 2011 дар силсилафилми Лайлӣ ва Маҷнун нақши Эрдал Баккалро бозид, ки шуҳрати ӯ аз марзҳои Туркия гузашт. Иҷрои ӯ аз тарафи бинанда ва мунаққидон баҳои аъло гирифтааст. Соли 2018 нақши марказиро дар силсилафилми Jet Sosyete ҳамчун Чингиз Озпамук бозидааст.
Соли 2020 инчунин нақши асосиро дар силсилафилми Ҷавонӣ ёдат ба хайр (Gençliğim Eyvah), дар нақши Ориф Осмалӣ бозидааст, ки қаҳрамони ӯ дар ҷавонияш як рӯзро бо сайёҳи итолиёӣ мегузаронад, тасвир мекунад. Сайёҳи итолиёӣ ҳомиладор мешаваду писар ба дунё меорад. Писараш Зола (Бурак Тозкопаран) баъди бузург шудан ба Туркия барои пайдо намудани падараш меравад[1]. Силсилафилм дар шабакаи atv пахш шудааст.
Филмнома
вироишФилмҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Коргардон |
2019 | Cinayet Süsü | Комисар Солеҳ | Алӣ Атай |
2018 | Mutluluk Zamanı | Ториқ | Шенол Сонмез |
2016 | Sen Benim HerŞeyimsin | Бирол | Толга Орнек |
2016 | Küçük Esnaf | Фахриддин | Бедран Гузел |
2015 | İyi Biri | Мизроб | Айҳан Сонюрак |
2015 | Kara Bela | Қудрат | Бурак Аксак |
2015 | Bana Masal Anlatma | Nafi | Бурак Аксак |
2014 | Pek Yakında | Суат | Ҷем Йилмаз |
2013 | Sen Aydınlatırsın Geceyi | Дев | Онур Унлу |
2013 | Eyyvah Eyvah 3 | Ташкилотчӣ | Ҳоқон Алгул |
2012 | Uzun Hikâye | Мустаҳдем | Усмонӣ Синав |
2012 | Öz Hakiki Karakol | Ҳасан | Иброҳим Гулар |
2012 | Kod Adı Venüs | Одамос | Тамер Ғариб |
2012 | Takip: İstanbul | Синир | Оливиер Мегатон |
2012 | Can | Фавзӣ | Рашид Челикезер |
2012 | Vücut | Йилмаз | Мустафо Нурӣ |
2012 | Berlin Kaplanı | Эмракчӣ Тайяр | Ҳоқон Алгул |
2011 | Celal Tan ve Ailesinin Aşırı Acıklı Hikayesi | Ҳаққӣ | Онур Унлу |
2010 | Kaybedenler Kulübü | Ронандаи таксӣ | Толга Орнек |
2010 | Ay Lav Yu | Садо | Сермиян Мидят |
2008 | Kavşak | Ведот | Самир Дамирделен |
2008 | Gökten Üç Elma Düştü | Мафия | Рашид Челикезер |
2008 | Gitmek: My Marlon And Brando | Озод | Ҳусейн Қарабой |
2008 | For a Moment, Freedom | Раиси ҳотел | Ораш Т. Рёҳӣ |
2008 | Devrim Arabaları | Эндар | Толга Орнек |
2007 | Taş Yastık | Фотеҳ Ҳоҷиусмоноғлу | |
2007 | Pazar - Bir Ticaret Masalı | Ҳасан | Бен Ҳопкинс |
2007 | Yumurta | Семиҳ Каплоноғлу | |
2006 | The Net 2.0 | Маъмури полис | Чарлз Винклер |
Силсилафилмҳои телевизионӣ | |||
Сол | Номгӯй | Нақш | Коргардон |
2021 | 50m2 | Салчуқ Айдамир | |
2020-2021 | Kuzey Yıldızı İlk Aşk | Ҷавҳар | Эрсой Гулер |
2020-идома дорад | Gençliğim Eyvah, (Ҷавонӣ ёдат ба хайр) | Ориф Осмалӣ | Дениз Йилмаз |
2020 | 50m2 | Салчуқ Айдамир | |
2018-2020 | Jet Sosyete | Чингиз Озпамук | Ҳоқон Алгул |
2016 | Hangimiz Sevmedik | Шенер Йешил | Матин Балекоғлу |
2016 | Geldim Gördüm Güldüm | Чингиз Канбазоғлу | Ҳоқон Алгул |
2015 | Kocamın Ailesi | Диловар | Шафақ Бал |
2014 | Hom Ofis | Ҳамдӣ | Эмре Кавук |
2013 | Sevdaluk | Мухтор Алӣ | Юксел Аксу |
2013-2014 | Aramızda Kalsın | Халил | Гузида Балҷӣ |
2013 | Ben de Özledim | Чингиз | Онур Унлу |
2011-2013 | Leyla ile Mecnun (Лайлӣ ва Маҷнун) | Эрдал Баккал | Онур Унлу |
2007 | Sevgili Dünürüm | Усмон | Ҳоқон Алгул |
2006-2009 | Parmaklıklar Ardında | Акрам | Ҳоқон Гуртоп |
2006 | Karagümrük Yanıyor | Сидқӣ | |
2006 | Ezo Gelin | Дурон | |
2005 | Seni Çok Özledim | Серҳан Эртурч | Дилек Гокчин |
2005 | Körfez Ateşi | Шафақ Баккалбашиоғлу | |
2005 | Kırık Kanatlar | Шараф | |
2005 | Kurşun Yarası | Саъдулло Селен |
Ҳамчун коргардон дар театр
вироиш- Kumarbazın Seçimi : Патрик Марбер - Театри Kent Oyuncuları - 2006