Шавкат Ҳарисов (23 марти 1932, Чистопол — 23 декабри 1988) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шавкат Ҳарисов
Таърихи таваллуд: 24 март 1932(1932-03-24)
Зодгоҳ: Чистопол, Тотористон
Таърихи даргузашт: 23 декабр 1988(1988-12-23) (56 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Солҳои эҷод: 1950-1968
Жанр: очерк, роман
Забони осор: русӣ

Зиндагинома вироиш

Шавкат Ҳарисов 24 марти соли 1932 дар ноҳияи Чистополи Тотористон ба ҷаҳон омадааст. Факултаи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон (Душанбе, Кофарниҳон, Ҳисор) ва Тотористон муаллимӣ кардааст.

Эҷодиёт вироиш

Аз аввали солҳои 50-ум ба навиштани очерку ҳикоя шурӯъ кардааст. Муаллифи романи «Дар ҷустуҷӯи бахт» (1951), китоби очеркҳои «Норак» (1962), гулчини қиссаҳои «Санги гирён» (1964) мебошад. Соли 1968 нашриёти «Молодая гвардия» (Маскав) дар силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб» китоби ӯ «Садриддин Айнӣ»-ро (дар ҳаммуалифии Ю. Акобиров) ба табъ расондааст.

Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

23 декабри соли 1988 аз олам даргузашт.

Осор вироиш

  • «Дар ҷустуҷӯи бахт» (1951)
  • «Норак» (1962)
  • «Санги гирён» (1964)
  • «Садриддин Айнӣ» (1968)

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 275 ISBN 978-99947-2-379-9