Муъмин Шарифзода

(Тағйири масир аз Шарифзода Мумин Машокир)

Муъмин Шарифзода (Шарифзода Муъмин Машокир; зод. 16 апрели 1965, ноҳияи Ашт) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, профессор.

Муъмин Шарифзода
Мумин Машокир Шарифзода
Таърихи таваллуд 1965(1965)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор ҶММ «Шарбат»-и шаҳри Новосибирск, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск
Ҷоизаҳо медали «Хизматҳои шоиста»

Зиндагинома вироиш

Мумин Машокир Шарифзода соли 1965 дар ноҳияи Ашт деҳаи Понғоз таваллуд шудааст. Соли 1991 Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирскро бо ихтисоси молшиносӣ ва ташкили савдои молҳои хӯрокворӣ, иқтисодчӣ хатм кардааст. Шарифзода Мумин Машокир тайи солҳои 1982—1983 ба ҳайси коргари совхози Съезди ХУ- уми КПСС ноҳияи Ашт фаъолият бурдааст. Давоми солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1985—1987 донишҷӯи Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод; солҳои 1987—1991 донишҷӯи Донишкадаи советии савдои кооперативии шаҳри Новосибирск; солҳои 1991—1994 аспиранти Академияи кооперативии матлуботи Сибир; солҳои 1994—1997 директори ҶММ «Шарбат»-и шаҳри Новосибирск буд. Солҳои 1997—1998 ба вазифаҳои дотсенти кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, солҳои 1998—2005 мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005—2008 ҷонишини директори ДДТТ шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Аз соли 2008 то имрӯз ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Профессор Шарифзода Мумин Машокир барои хидматҳои шоён бо медали «Хизматҳои шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Ӯ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 № 131 ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон[1][2]

Эзоҳ вироиш