Шарифмурод Исрофилниё

Шарифмурод Исрофилниё (Исрофилов Шарифмурод Раҳимович; 7 январи 1966, деҳаи Варзиканда, ноҳияи Панҷакент) — адабиётшиноси тоҷик, олим, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011)

Шарифмурод Исрофилниё
Шарифмурод Раҳимзода Исрофилниё
Таърихи таваллуд 7 январ 1966(1966-01-07) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент
Фазои илмӣ филология, педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент

Зиндагинома вироиш

Исрофилниё Шарифмурод 7 январи соли 1966 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм намудааст. Солҳои 1990 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантура гузашта, дар кафедраи таърихи адабиёти классикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати ассистент ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тасвири май дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ» дифоъ намудааст. Аз соли 1996 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2001 то 2005 декани шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон мудири кафедраи филологияи тоҷики ин донишкадаро ба уҳда дошт. Солҳои 2005—2006 ба ҳайси декани факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ифои вазифа намудааст. Солҳои 2007 −2010 докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва июли соли 2010 дар мавзӯи «Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри XIV» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2010—2011 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода , солҳои 2011—2012 профессори кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз феврали соли 2012 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Шарифмурод Исрофилниё дар Донишгоҳҳои Теҳрон Шаҳиди Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Ҷумҳурии Исломии Эрон давраи такмили ихтисосро гузаштааст. Солҳои 2017-2018 ба сифати профессори кафедра ва аз соли 2018 ба ҳайси мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи 7 китоб ва бештар аз 500 мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар саҳаҳои мухталифи илми адабиётшиносӣ мебошад. Дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Душанбе (1995, 1998, 2000, 2005), Теҳрон (1997, 1999, 2007, 2008, 2010), Шероз (2000), Машҳад (2008), Мадина (2006), Алмаато (2006, 2007), Қуния (2010), Истамбул (2012) бо маърӯза ширкат намудааст ва мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Қазоқистон ба нашр расидааст.

Эҷодиёт вироиш

Муҳимтарин таҳқиқоти Шарифмурод Исрофилниё:

Китобу монография ва васоити таълимӣ
  • Таҳлили матнҳои адабӣ.-Душанбе: Сино, 2001. — 96 с. (васоити таълимӣ);
  • Хизонаи пурганҷ. -Душанбе: Сино, 2002. 98 с. (васоити таълимӣ);
  • Фарҳанги таҳлилии алфози хароботии ашъори Хоҷа Ҳофиз. — Душанбе: Адиб, 2003. 175 с. (васоити таълимӣ);
  • Сухани аҳли дил.-Душанбе: Дониш, 2007. 218с;
  • Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У. — Душанбе: Дониш, 2009.(монография). 250 с;
  • Хамриёти Ҳофиз.-Душанбе: Дониш, 2010.(монография);
  • Мероси адабии Носири Бухороӣ ва такомули ғазали ошиқонаи орифона дар асри Х1У. — Душанбе: Сифат, 2012.(монография).338с;
Мақолаҳо
  • Табақабандии мавзуоти хамрии ашъори Рӯдакӣ.// Паёми Донишгоҳ, 1994, № 2, С.10-20;
  • Носири Бухороӣ ва Салмони Соваҷӣ//Фарҳанг, 2008, 37-8.С. 32-43;
  • Анварии Абевардӣ ва Носири Бухороӣ //Садои Шарқ. 2009, № 6, С. 125—134;
  • Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз. //Адаб, 1994, № 9-10, с., 31;
  • Маърифати назар дар назари Камол Хуҷандӣ.//Паёми Донишгоҳ, 1996, №;.С., 65-68;
  • Носири Бухороӣ ва Ҳофизи Шерозӣ.// Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009, № 3, С. 115—124;
  • Корбурди вожаи «об» ба маънии ирфонии «шароб» дар ашъори Ҳофиз. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, 2004, С.63-68;
  • Носири Бухороӣ ва шуарои муосири ӯ. // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 3, 2007, С. 124—132;
  • Ҷомӣ ва Навоӣ.//Садои Шарқ, 2008, № 8, С. 140—146;
  • Ҳофиз ва истиқболи Ҷомию Навоӣ аз ӯ(таҳлили муқоисавии се ғазал аз диди нақди формалистӣ)\ \Фурӯғи андеша, Хуҷанд, 2008, С. 78-87;
  • Ҳофиз ва Рӯдакӣ.//Маърифати омӯзгор, 2008, № 9, С. 31-36;
  • Равобити адабии Носири Бухороӣ бо шоирони муосираш //Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикситон, 2008;
  • Хамриёти Рӯдакӣ ва муҳтавои он.// Пайванд, 2008, № 15, С. 140—148;
  • Джами и Навои (проблема традиции и новаторства в литературных связах иранских и тюркских народов) // Ираннаме, научно востоковедческх журнал, ).-Алматы, № 2 (6), 2008, с., 154—158;
  • Слово «об»(вода)и его смысловые оттенки в мистической поэзии Х1У в.//Суфизм в Иране и Центральной Азии (сборник статей, материалы международной конференции 2-3 мая 2006 года г. Алматы).-Алматы «Дайк- Пресс», 2007, с., 145—152;
  • Май дар ашъори Рӯдакӣ. // Донишномаи Рӯдакӣ, -Душанбе, ҷилди 2, 2008, С.63-66;
  • Носири Бухороӣ ва «Ҳидоятнома»-и ӯ\\Масъалаҳои маориф, 2012;
  • Основные стилевые особенности лирики Носира Бухари\\Илм ва инноватсия, 2012, № 1-2, с.29-34.[1]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш