Шарофиддин Тӯйчиев

(Тағйири масир аз Шарофиддин Туйчиев)

Шарофиддин Тӯйчиевич Тӯйчиев (24 октябр 1943Сталинобод) — доктори илмҳои физикаю математика (1991), профессор (1993), дорандаи Ҷоизаи байналмилалии патентии Авруосиё (2008) ва барандаи «Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Султон Умаров» (2014).

Шарофиддин Тӯйчиев
Таърихи таваллуд 24 октябр 1943(1943-10-24) (80 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бохтар
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ физик,олим

Зиндагинома вироиш

Шарофиддин Тӯйчиев 24 октябри соли 1943 дар деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Октябр ҳоло ноҳияи Бохтар таваллуд ёфтааст. Шарофиддин Тӯйчиев соли 1965 ДДТ ба номи В. И. Ленинро бо баҳои аъло хатм намуда, барои идомаи таҳсил дар риштаи аспирантура дар Институти пайвастаҳои калонмолекулии (ИПК) АИ ИҶШС ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор гардид. Пас аз таҳсили аспирантура соли 1972 рисолаи намзадиашро дар мавзӯи «Таъсири кашиш дар ташаккули нахҳои полимерии калонмолекулӣ» ҳимоя кардааст. Дар заминаи ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотии давоми солҳои 1972—1990 анҷомдодааш, соли 1991 дар ИПК АИ ИҶШС таҳти унвони «Рафтори деформатсионӣ ва гамрии ҷузъҳои сохтори системаҳои полимерии тамоюлӣ» рисолаи докториро дифоъ намуд ва соли 1993 ба гирифтани унвони илмӣ-академии профессор шарафёб гардид.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Профессор Шарофиддин Тӯйчиев барои бунёди самти нави илмӣ — «Технологияи сохтории полимерҳо» заминаи мусоид фароҳам оварданд. Мактаби илмии ташкилнамудаи Шарофиддин Тӯйчиев оид ба технологияи сохтории полимерҳо дар байни аҳли илми мамолики Осиёи Марказӣ ягона ва пешқадам аст. Ӯ дар муддати ин солҳо дар вазоифи ходими калони илмии ЛПФМП (1972-78), мудири сектори илмию тадқиқотии ДМТ (1978-80), дотсенти кафедраи физикаи умумию назариявии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (1982-89), роҳбари шуъбаи илмӣ-тадқиқотии физикаи муҳитҳои конденсӣ (1994—2009) ва ҳамзамон мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти ДМТ (1998—2009) сарбаландона адои вазифа намудааст. Профессор Ш. Тӯйчиев ба қувваи беш аз пештара ва майлу рағбате чун даврони ҷавонӣ аз соли 2009 то имрӯз вазифаи сарходими илмии Институти илмию тадқиқотии ДМТ-ро ба уҳда дорад.

Профессор Тӯйчиев Ш. яке аз муаллифони консепсияи ҷадиди мураттабияи калонмолекулии полимерҳо буда, усулҳои компютерии таҳлил ва корбасти рентгенограммаҳои кунљҳои хурдро барои ба даст овардани маълумотҳои саҳеҳ оид ба табдилоти сохторӣ дар полимерҳоро пешниҳод кард. Ӯ консепсияи дигари ташаккулёбии равандҳои рақобатӣ-деформатсияи ғайриякҷинсаи ҷузъҳои фибрилҳо ва кӯчиши банйниҳамии онҳоро пешниҳод кард ва меъёрҳои баҳодиҳии инкишофи якҷинсагии раванди микродеформатсиониро дар таљриба асоснок намуд. Илова бар ин, дар заминаи тадқиқотҳои хосиятҳои гармии моддаҳо ҳодисаи тағйири доимиҳои гармичандирӣ ва гармоифизикии панҷараҳои кристалии полимерҳои нурборишшударо ошкор сохт.

Мақолаҳо ва конфронсҳо вироиш

Тӯйчиев Ш. Т. дар заминаи тадқиқоту пажӯҳишҳои чандинсола беш аз 350 мақолаи илмию тадқиқотӣ, 3 мононграфия, 6 васоити таълмӣ ва 6 воситаҳои илмӣ-методӣ навишта, 19 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) ва гувоҳномаҳои ихтирокориро ба даст овардааст. Қисми зиёди корҳову мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамолики хориҷӣ, ба монанди Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ИМА, Британия, Ҷопон, Исроил, Чехия ва ғайра ба нашр расидаанд.

Инчунин, профессор Ш. Тӯйчиев дар асоси ҳамин тадқиқотҳо дар конфронсҳои байналхақие, ки дар кишварҳои Чехия (1990), ИМА (1991), Англия (1992), Ӯзбекистон (1995), Эрон (1997), Қазоқистон (1999), Сингапур (2001), Ҷопон (2005, 2008), Чехия (2007), Украина (2007) ва ғайра баргузор гардиданд, иштирок ва маърӯза намуда, илми тољикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррафӣ кардааст.

Монографияҳо вироиш

  • Деформационное и термическое поведение ориентированных полимерных систем. — Худжанд, ХГУ, 1992. — 344 c.
  • Методы исследования свойств и структуры биополимеров. — Худжанд, ХГУ, 1994. — 311 c.
  • Дискретный спектр физических свойств и природа разрушения полимеров. — Душанбе, Шарқи Озод, 2005. — 314 c.

Унвон ва ҷоизаҳо вироиш

  • «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001)
  • «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008)
  • «Ҷоизаи байналмилалии патентии АвруОсиё» (2008)
  • «Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик С. У. Умаров» (2009)

Сарчашма вироиш

  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008, с.313-314.
  • Солиҳов Д.Қ., Абдуллоев Ҳ.М., Қурбонов Н. Б. Физикдони соҳибном / Рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш», № 15 (1382), 02-11-2015. — С.12.

Пайвандҳо вироиш