Шартномаи коллективӣ

Шартномаи коллективӣ — вобаста ба моҳияти худ шартномаи коллективӣ ба гурӯҳи санадҳои ҷузъй дохил гардида, бевосита бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ ва корфармо қабул карда мешавад. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳои он муайян намуда, масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: уҳдадориҳои тарафҳо дар масъалаи музди меҳнат, индексатсияи он, давомияти вақти корӣ ва истироҳат, масъалаҳои муҳофизати меҳнат, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ва ғ. Бояд гуфт, ки мазмуни шартномаи коллективӣ набояд ҳолати ҳуқуқии кормандро нисбат ба қонунгузорӣ бад намояд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 269