Шафеъии Кадканӣ

(Тағйири масир аз Шафеии Кадканӣ)

Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ (зод. 12 октябри 1939, Кадкан, Эрон) — шоир, нависанда, пажӯҳишгар, мунаққид, устоди донишгоҳ ва мувафақтарин шоирони муосири Эрон (тахаллуси шеърияаш — М. Сиришк).

Шафеъии Кадканӣ
форсӣ: محمدرضا شفیعی کدکنی
Тахаллусҳо: M. Sereshk
Таърихи таваллуд: 12 октябр 1939(1939-10-12) (84 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: забоншинос, шоир, муаррих, тарҷумон, мақоланавис, устоди донишгоҳ, мунтақиди адабӣ
Солҳои эҷод: 1965 — то ҳол
Забони осор: форсӣ
moraffah.com/cat-131.aspx
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Доктор Муҳаммадризо Шафии Кадканӣ дар соли 1939 дар ноҳияи Кадкани наздики шаҳри Нишопури устони Хуросон чашм ба дунё кушод. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Кадкан ва Машҳад ба поён бурд ва пас аз он вориди донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Машҳад шуд ва аз ин донишгоҳ фориғултаҳсил шуд. Вай дар ҷавонӣ дар ҳавзаи илмияи Машҳад адабиёти арабу ларсҳои ҳавзавии назди Муҳаммадтақӣ Адиби Нишопуриро фаро гирифт ва фиқҳу усулро дар маҳзари Мирзо Аҳмад Мударриси Яздӣ ва Оятуллоҳ Ҳошимии Қазвинӣ ва Оятуллоҳ Мелонӣ омӯхт ва ар соли 1969 ба дарёфти доктори забону адабиёти форсӣ аз Донишгоҳи Теҳрон муфтахар гардид ва аз ҳамон замон дар Донишгоҳи Теҳрон ба тадрис пардохт ва баъдҳо дар донишгоҳҳои гуногуни ҷаҳон тадрис намуд ва ҳам инак дар донишгоҳҳои Амрико машғули тадриси забону адабиёти форсӣ аст. Доктор Шафеи аз навҷавонӣ шеър месуруд ва ашъораш дар нашриёти Хуросон бо тахаллуси «М. Сиришк» чоп мешуд ва бо ҳамкории дӯсту ҳамшаҳраш М. Озарм, ки ӯ низ шоир буд, дар Машҳад анҷумани адабӣ ташкил дод ва ба тавзеҳу тафсири шеъри Нимо ва сабки Нимо пардохт. Доктор Шафеӣ баъд аз омадан ба Теҳрон бо зиндаёд Ахавони Солис, Ҳушанги Ибтиҳоҷ ва доктор Исмоили Хӯӣ ва Имоди Хуросонӣ нишасту бархостҳои мутааддиде дошт. Вай дар соли 1990 бинобар даъвати хонаи фарҳанги ҷаҳон, ки дар Олмон баргузор шуд ба ҳамроҳи Аҳмади Шомлу ва Ахавони Солис ба он кишвар сафар намуд ва чанде баъд бо даъвати донишгоҳҳои Донишгоҳи Оксфорди Инглисон ва Донишгоҳи Пристони Амрико ва донишгоҳҳои Япония ва барои тадрис ва суханрониҳо ва пажӯҳиш ба он кишварҳо сафар намуд ва байни солҳои 1974—1978 дар донишгоҳҳои Ню-Йорк ва Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико тадрис намуд. Устод Шафии Кадканӣ афзун бар шеъру шоирӣ дар заминаҳои нақди адабӣ, сабкшиносӣ ва ирфони эронӣ пажӯҳишҳои бисёр арзандае дорад ва низ осори арзандае тарҷума намудааст. Шеъри доктор Шафеӣ аммо бозтобе нобу пок аз сиришти зебо ва полудаи табиат аст. Ӯ низ чун Нимо овози паррандагон, лолоии дарахтон, ғавғои боду борон, насими баҳорон ва ҷӯйборон ба гӯши вожаҳо наҷво кунад. Аз сӯе низ устод Шафеӣ решаҳои асотиру таърих ва мавориси фарҳангии Эронзамин ва Хуросони бузургро дар ҷой-ҷойи ашъораш ҷо медиҳад ва бо таваҷҷуҳ ба мутолиоти амиқу дақиқе, ки дар заминаи шеъру адаби ҷаҳон дорад ба ёдоварӣ ва бозофаринии арзишҳои дерина ва арзишманду гаронбаҳои адабиёти бостон рӯй меоварад ва бо забону баёне сода ва самимӣ ва баҳрагирии усулӣ ва илмӣ аз фанни шеъру орияҳои адабӣ ашъори нағзу пурмағзе меофаринад, ки бар дилу ҷонҳо менишинад. Дар осори аввалияи Шафеӣ таъсирпазирӣ аз Ахавони Солис ва Ҳушанги Ибтиҳоҷ ба чашм мехӯрад (аввалин маҷмӯаи шеърии ӯ «Шабхунӣ», 1965), аммо рафта-рафта худ ба забоне мустақиле расид ва аз ҷумлаи шоирони муваффақ ва муассири шеъри нави иҷтимоӣ ва символии нимоӣ гардид. Ва бо забоне нарму намодин, иапанда, тавсифӣ — тавъам бо мояҳои мулоиму асили хуросонӣ гарояд ва аз лиҳози фикрӣ низ шеъраш дар хидмати арзишҳои инсонӣ, озодӣ ва озодихоҳӣ гардид. Дар ниҳоят метавон гуфт чанд вижагии умдаи шеъри М. Сиришкро ҳувият ва имтиёз мебахшад: 1. Гироиш ба суннатҳои адабии Эрону ислом ба гунае, ки роиҳае аз фарҳехтагӣ ва пуштувонаи фарҳангиро дар шеъри худ инъикос медиҳад ва ин устуворӣ ва инсиҷоми суннатӣ дар забону қолаби шеъри ӯ ошкор аст; 2. Навъе вафодорӣ ба вазну мусиқӣ: ин вижагӣ, ки зотии ашъори ӯст, ҷанбаҳои ҳамосии шеъри ӯро рангу бӯи хосу шоирона мебахшад; 3. Баҳрагирӣ аз донишҳои адабӣ ва осори манзум ва мансури Эрону ҷаҳон ва нишондани порае аз андешаҳо ва мафоҳими наву модерн дар шеър; 4. Таъсирпазирӣ аз муҳити табии Хуросони бузург ва инъикоси он дар ашъор (чунон ки яке аз китобҳояш ба номи «Бӯи ҷӯӣ Мӯлиён аст»).

Осор вироиш

«Шабхонӣ», «Замзамаҳо», «Аз забони барг», «Дар кӯчабоғҳои Нишопур», «Мисли дарахт дар шаби борон», «Аз будану сурудан», «Бӯи ҷӯӣ Мӯлиён», «Ҳазораи дуввуми оҳуи кӯҳӣ», «Оинае барои садоқат».

Нақду пажӯҳиш вироиш

«Шеъри имрӯзи Хуросон» (ҳамроҳ бо М. Озарм), «Гузидаи ғазалиёти Шамс», «Сувари хаёл дар шеъри форсӣ», «Мусиқии шеър», "Шоири оинаҳо (нақду баррасии ашъори Бедил), «Шеъри муоири араб», «Адвори шеъри форсӣ аз Машрутият то асри ҳозир», «Тозиёнаҳои сулук, нақду таҳлили шеърҳои Саноӣ», «Шоирӣ дар ҳуҷуми мунтақидон: перомуни шеъри Ҳазини Лоҳиҷӣ», «Мантиқ-ут-тайр»: муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқот.

Тарҷумаҳо вироиш

«Абӯмуслими Хуросонӣ»-и Муҳаммад Абдулғанӣ, «Овозҳои Синбод», тарҷумаи шеърҳои Абдулваҳоб ал-Баётӣ, «Тасаввуфи исломӣ»-и Николсон.

Тасҳеҳи мутун вироиш

«Офариниш ва таърих» аз Музаҳҳар бинни Тоҳири Муқаддасӣ, чаҳор ҷилд; «Мармузоти Асадӣ дар мазмуроти Довуд Наҷмиддини Розӣ», «Мухторнома» аз Аттор, «Ҳолоту суханони Абӯсаиди Меҳанӣ», «Асрор-ут-тавҳид», «Таърихи адабиёти форсӣ ба инглисӣ».

Намунаи ашъор вироиш

Замзамаҳо

 
Дар нигоҳи ман баҳоронӣ ҳанӯз,
Поктар аз чашмасоронӣ ҳанӯз.
Рӯшноибахши чашми орзу,
Хандаи субҳи баҳорони ҳанӯз.
Дар машоми ҷон ба дашти бодҳо
Боди субҳу бӯӣ борони ҳанӯз.
Дар тамузи ташнакомиҳои ман
Барфи поки кӯҳсоронӣ ҳанӯз.
Дар тулуи равшани субҳи баҳор
Атри поки ҷӯканоронӣ ҳанӯз.
Киштзори орзуҳои маро
Барқи сӯзонию боронӣ ҳанӯз.
 

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ −316