ШАҲТАКИЁНдеҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 602 нафар (2010), тоҷикон. Аз 76 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, магозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 42 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ба воситаи канали Гумбулоқ обёрӣ мешаванд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.