Адрасмон

шаҳрак дар вилояти Суғд
(Тағйири масир аз Шаҳраки Адрасмон)

Адрасмон — шаҳрак (26 марти 1941), тобеи шаҳри Гулистон.

Шаҳрак
Адрасмон
Нишон
Нишон
40°38′44″ с. ш. 69°59′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Гулистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1941
Шаҳрак аз 1945
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 14 600 тан (2015)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо
Эътиқодот мусулмонон, масеҳиён
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3453, +992 92
Нишонаи почта 735780
Адрасмон дар харитаи
Адрасмон
Адрасмон
Адрасмон дар харитаи
Адрасмон
Адрасмон

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар қисми шимолии вилояти Суғд, байни қаторкӯҳҳои Қаромазору Қурама ҷойгир аст. Аввал ҳамчун деҳа ба ҷамоати деҳоти Қаромазори ноҳияи Ашт тобеъ буд. Аҳолиаш 12910 нафар (2009), тоҷикон, ӯзбекҳо ва миллатҳои дигар. Аз Адрасмон то шаҳри Гулистон 72 км; роҳ асфалтпӯш.

Иқтисод

вироиш

Адрасмон 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби мусиқӣ, нуқтаи санитарии тиббӣ, 2 дорухона, 2 китобхона, 2 клуб, 8 нуқтаи хидмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 ошхона ва чойхона дорад. Адрасмон аз қадим бо маъданҳои рангаи худ машҳури ҷаҳон буд. Аз конҳои назди Адрасмон маъдани сурб, нуқра, руҳ, тило, уран ва висмут истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои асосии Адрасмон: Комбинати полиметаллии давлатии «Қаромазор» (1927), идораҳои кони Консой (1937) ва кони Қаромазор (1956), заводи таҷҳизоти пастшиддати барқии Адрасмон (1959), Комбинати қӯрғошиму руҳ (1970), Идораи шахтасозии Адрасмон (1972), Комбинати маъдантозакунӣ (1993).

Аҳолӣ

вироиш
сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
14,3 14,6 15,5 15,8

Шаҳракҳо ва деҳаҳо

вироиш
Шаҳраки Адрасмон
Деҳа Аҳолӣ
Шаҳраки Адрасмон
Гулдара (ш. Гулистон)
Гулшан (деҳа, ш. Гулистон)
Навобод, деҳа
Зарчашма (собиқ Қаромазор), деҳа

[1]:

  1. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Адабиёт

вироиш
  • Қомуси Қайроққум, Х., 2004.

Сарчашма

вироиш