Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Каримҷон Қодиров, Мирзо Муллоаҳмад. Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. - Дущанбе:Ирфон,2015

Бахшида ба 700-солагии, алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва матбааи ҶДММ «Нашри мубориз» китоби «Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-ро, ки муаллифонашон Каримҷон Қодиров ва Мирзо Муллоаҳмадов мебошанд, аз чоп баровард. Дар китоб паҳлӯҳои гуногуни андешаҳои ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз орифони машҳурест, ки ба тарвиҷи шеъри ирфонӣ дар марзи паҳновари ориёӣ мавқеи бузург дорад. Китоб барои мутахассисони соҳаи таърихи адабиёт, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси забону адабиёти тоҷик, унвонҷӯён, магистрҳо ва кормандони илмӣ ҳамчун адабиёти таълимӣ тавсия мешавад.[1]

Эзоҳ вироиш