Шодиён Муҳаммад Султонзода - омӯзгор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳаммад Шодиён
Шодиён Муҳаммад Султонзода
Таърихи таваллуд: 28 феврал 1965(1965-02-28) (59 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Шодиён Муҳаммад Султонзода 28 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос омӯзгор. Номзади илмҳои физика-математика

  • Солҳои 1989-1994 - Омўзгори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • 09-11 соли 1994 - Коромўзи кафедраи таҳлили функсионалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 1995-1998 - Аспиранти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраев, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1998-2006 - Саромўзгори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • Солҳои 2006-2008 - Декани факултаи математика ва технологияи соҳибкории шўъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • 02-08 соли 2008 - Директори Маркази имтиҳонгирии компютерии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • Солҳои 2008-2009 - Ноиби ректор оид ба иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • Солҳои 2009-2012 - Директори Маркази таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • Аз майи соли 2012 то с. 2020 - Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма вироиш