Муҳаммадҷон Шакурӣ

донишманди тоҷик

Муҳаммадҷон Шакурӣ (Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, русӣ: Мухаммад Шарифович Шукуров; 1925, Бухоро, ҶШСӮз, ИҶШС — 16 сентябри 2012, Душанбе, Тоҷикистон) — адабётшинос, забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ аст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Муҳаммадҷон Шакурӣ
Тахаллусҳо: Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ
Таърихи таваллуд: 1925(1925)
Зодгоҳ: Бухоро, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 16 сентябр 2012(2012-09-16)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Зиндагинома вироиш

 
Муҳаммадҷон Шакурӣ бо Шариф ва Рустам Шакурӣ

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (расман Муҳаммад Шарифович Шукуров, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳояш Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузошт) бино бар шиноснома 30 октябри соли 1926, аммо дар ҳақиқат моҳи феврали соли 1925 дар Бухоро зода шудааст.

Падараш Шарифҷон Махдум Садри Зиё (1865—1932) нависандаи тоҷик буд ки то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ буда ва пас аз инқилоб чанде дар муассисаҳои Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро (1920—1924), аз ҷумла дар идораи авқоф ва китобхонаи марказӣ кор карда, ва сипас зиндонӣ шуд ва дар зиндон аз дунё гузашт аст.

Модараш Мусаббиҳа Шукурова фарзанди Ибодуллоҳ-махдум ва набераи Абулфазли Сирати Балхӣ буда, ки дар Бухоро ба шоирӣ ва фазлу камол шуҳрат доштааст. Шакурӣ пас аз даргузашти модараш дар январи 1933 чанде дар хонаи бародари модараш Ҳабибуллоҳ-махдуми Авҳадии шоир (1900—1937) зиндагӣ дошт ки Садриддини Айнӣ ӯро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926, саҳ. 222—226 ва 597) ёд кардааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Шакурӣ соли 1939 аз Бухоро ба Душанбе мекӯчад. Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли 1941 донишҷӯи забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд ва онро соли 1945 хатм кардааст. Ҳамзамон бо донишҷӯӣ, соли 1943 то 1945 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрӯз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор карда ва дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шуъбаи Фарҳангистони улуми шӯравӣ дар Тоҷикистон) лаборант будааст.

Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1945 устоди ин донишкада шуд. Дар солҳои 1945—1946 устоди Донишкадаи муаллимии Кӯлоб буд. Сипас ба Душанбе баргашт ва дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе то соли 1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши хониши матн, равиши омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамзамон солҳои 1948—1951 дар аспирантураи ин донишкада таҳсил дошта ва устоди раҳнамояш Холиқ Мирзозода буд. Мавзӯъи пажӯҳишаш «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865—1927)» буда, вале азбаски ҳангоми баррасӣ дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри 1952 Аҷзӣ шоири иртиҷоъӣ дониста шуд, пажӯҳишномааш рад шуд ва заҳмати сесолааш бар бод рафт.

Соли 1953 пажӯҳишро дар «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии „Ёддоштҳо“-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» оғоз кард ва онро соли 1955 дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ бо раҳнамоии профессор Иосиф Брагинский ба поён расонда ва 28 феврали 1958 рисолаашро дифоъ ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт кард.

Шакурӣ аз соли 1951 то 1989 нахуст корманди илмӣ ва аз соли 1959 мудири шуъбаи адабиёти шӯравии тоҷикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ буд ва асосан дар риштаи нақди адабӣ ва таҳқиқи таърихи адабиёти муосири тоҷикӣ машғул буд. Дар ин замон дар таълиф ва таҳрири «Очерки (таърихчаи) адабиёти советии тоҷикӣ» саҳм гузошт дар ду ҷилд солҳои 19561957 ба тоҷикӣ чоп шуда ва мухтасари он дар як ҷилд ба русӣ дар Маскав соли 1961 ба табъ расида аст.

Вай ҳамчунин узви гурӯҳи таҳқиқи насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рудакӣ ба раҳбарии профессор И. С. Брагинский буд ки чандин асари насри классикӣ ва омиёнаро, аз ҷумла «Синбоднома»-и Заҳирӣ, «Ҳотами Той», «Самаки айёр», «Шоҳнома»-и мансури қиссахонҳо, «Ҷомеъулҳикоёт» ва ғайраро ба табъ расонид. Мавзуи аслии пажӯҳиши Шакурӣ дар ин Пажӯҳишгоҳ нақши суннатҳои назму насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикӣ дар садаи 20 буд ва натиҷаҳои пажӯҳишаш дар чанд мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973) баён шудааст.

Шакурӣ ҳамроҳ бо Холиқ Мирзозода, Атахон Сайфуллоев, Абдураҳмон Абдуманнонов, Лариса Демидчик ва Раҷаб Амонов узви гурӯҳи пажӯҳиш ва таълифи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ. Инкишофи жанрҳо» буд ки чаҳор ҷилд аз шаш ҷилди он солҳои 1978—1984 чоп шуда аст. Пажӯҳишгарон аз он шаш ҷилд мухтасаре дар ду ҷилд ба забони русӣ омода карданд ки дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон (Маскав, Фарҳангистони улуми шӯравӣ) чун намунаи тозаи таърихнигорӣ хуш пазируфта шуд вале ин ду ҷилд ҳам чоп нашуд.

Солҳои 1960—1970 Шакурӣ дар заминаи нақди адабии насри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, ба хусус масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррӯзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомиашиносӣ дошт, фаъол буд. Натиҷаи ин пажӯҳишу баррасии забони матбуоти ҷорӣ, радиову телевизион, навиштаҳои илмии вай китобест ба номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки соли 1964 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (имрӯза «Садои Шарқ») ва соли 1968 ба шакли китоб ба чоп расид. Чопи дувуми он соли 1986 ва нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.

Шакурӣ яке аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аст, ки дар ду ҷилд дар Маскав соли 1969 чоп шуда аст. Вай торихи тадвини ин китоби муҳимро дар пешгуфтори нашри форсии он — «Фарҳанги форсии тоҷикӣ» (Теҳрон, Фарҳанги муосир, 2006) ҳамчунин дар рисолааш «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» (нашри дувум, Душанбе, Деваштич, 2005, ба хатти форсӣ) ҳикоят кардаст.

Вай солҳои 1969—1970 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон дар Маскав пажӯҳишномае дар «Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ» навишт ва соли 1971 онро дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Маскав дифоъ карда унвони доктори илми суханшиносиро дарёфт кард. Ин рисола дертар ҷилди чаҳоруми «Таърихи адбиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»-ро ташкил кард (Душанбе, Дониш, 1980).

Шакурӣ аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳаст ва дар солҳои 1968—1991 узви Шӯрои нақду адабиётшиносӣ дар Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ буд. Соли 1981 бо пешниҳоди Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикситон интихоб гардид. Соли 1987 узви пайваста (академик)-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1989 ба муддати панҷ сол узви Риёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ яке муаллифони нахустин Қонуни забони тоҷикӣ аст, ки 22 июли 1989 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасвиб шуда ва забони форсии тоҷикиро забони давлатии Тоҷикиситон эълом карда буд.

Пайвандгари наслҳо вироиш

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ фарзанди номдори Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дар Тоҷикистони муосир буд.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар тӯли умри пурбаракоти хеш аз худ беш 45 асари илмӣ, пажӯҳишӣ, омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, дарсӣ, услубшиносӣ, матншиносӣ ва фарҳангшиносӣ ба мерос гузоштааст, ки миёни ин ҳама фарҳанги дуҷилдаи «Забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форси тоҷикии Фароруд», «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ», «Нигоҳе ба адабиёти садаи 20» ҳамчун нигине дар маъхази пурғановати адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ шудаанд. Узви Созмони байнулмилалии кумиссиюни таснифи тамаддун дар Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, академисийуни Фарҳангистони Ирон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва нишони «Дӯстии халқҳо» ва намояндаи охирон хонаводаи Қозии Бухорои Шариф, Садри Зиё дар Тоҷикистон, пайвандгари наслҳо ва пуле миёни тамаддунҳо — ин накҳате аз чаманзори гулистони умри бобаракоти Муҳаммадҷон Шакурӣ будаанд.[1]

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филология дар Маскав кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.

Донишманди саршиноси тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ субҳи якшанбе, 16-уми сентябр соли 2012 дар синни ҳаштоду ҳафтсолагӣ даргузашт.[2]

Китобҳо вироиш

Муҳаммадҷон Шакурӣ муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола аст.

Эзоҳ вироиш

Мақолаҳо дар бораи Муҳаммадҷон Шакурӣ вироиш

Пайвандҳо вироиш