Ориф Шукуров — номзади илми биологӣ (1950), профессор (1966). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957).

Ориф Шукуров
Ориф Шукурович Шукуров
Таърихи таваллуд 1908(1908)
Таърихи даргузашт 1989(1989)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Ориф Шукуров Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1940)., ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: флора ва рустаниҳои Тоҷикистон, географияи рустаниҳо, захираҳои рустаниҳо. Директори Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1943-1953; 1961-1968). Ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1953-1957). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1961). Мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1970-1989).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст. Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1958).[1]

Сарчашма вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.