Шуҷоат Ҷалолиддинзода

ҳунарпешаи театр ва синамо
(Тағйири масир аз Шуҷоат Ҷалолиддинов)

Шуҷоат Ҷалолиддинзода (Шуҷоат Ҷалолидинов; 8 марти 1986, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Шуҷоат Ҷалолиддинов
Шуҷоат Асадуллозода
Таърихи таваллуд: 8 март 1986(1986-03-08) (38 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2009 — то ҳол

Зиндагинома вироиш

Шуҷоат Ҷалолиддинов 8 марти 1986 дар маркази ноҳияи Файзобод дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст[1].

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Шуҷоат Ҷалолиддинов ду бор издивоҷ кардаасту аз издивоҷи нахуст духтаре бо номи Нӯшофарин дорад[1]. Ӯ бори дувум, бо Насиба, маъмури толори намоиш ва ҳамкори кунуниаш издивоҷ кард ва аз он соҳиби ду духтар — Сафия ва Беназир ҳастанд[2].

Фаъолият вироиш

Шуҷоат Ҷалолиддинов ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ[3] ва ҳамзамон омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мебошад[4].

Театр вироиш

Шуҷоат дар беш аз 40 намоиши театрӣ нақшҳои бозидааст[5], ки нақши Кавсан дар намоиши «Кавсан»-и Ҷумъа Қудус аз ҷумлаи онҳост.

Синамо вироиш

Шуҷоат дар 18 филм нақш офаридааст[2]. Ӯ ахиран дар силсилафилми мазҳакаи кӯтоҳи «Ишқ, пул, #Душанбе» нақши Қурбонро офарид[6].

Ҷоизаҳо вироиш

Шуҷоат Ҷалолиддинов сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши пизишк аз намоиши «Пизишки парон» дар Ҷашнвораи «Парасту-2017» гардидааст[7].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Орзу Исо. Ногуфтаҳо бо Шуҷоъ Асадуллозода(тоҷ.). youtube.com. ORZU (20 феврали 2021).
  2. 2.0 2.1 Мубориз Усмонов. Imshab LIVE бо Шуҷоат Асадуллозода(тоҷ.). youtube.com. ИМШАБ Channel (20 Декабри 2020).
  3. Кормандони милитсия дар меҳмонии Театри Лоҳутӣ. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 24 феврали 2021 санҷида шуд.
  4. Рӯзи ханда бо Қиёмиддин Чақалов(тоҷ.). 24 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  5. Азобҳои кӯдакӣ Шуҷоатро барвақт мард кард(тоҷ.). Pressa.tj. 7 феврали 2023 санҷида шуд.
  6. Нурангез Рустамзода. “Ишқ, пул, #Душанбе: Силсилафилми халқии тоҷикӣ дар YouTube(тоҷ.). Хабарнигори муосир (10 октябри 2020). 24 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2020.
  7. М. Табарӣ. «Парасту-2017» – "Дирафши Ковиёнӣ" – соҳиби "шоҳҷоиза", Ҷумҳурият (24 май 2017).