Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз дошишкадҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Маълумоти мухтасар вироиш

Шуъбаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 2006 дар ш. Рашт таъсис ёфтааст ва сипас мақоми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро гирифтааст. Донишкада мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих вироиш

1 ноябри соли 2006 бо фармони худ таҳти № 501 дар заминаи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев таъсиси филиали донишгоҳро дар ноҳияи Рашт иҷозат дод. Дар ин давра дар шуъбаи ғоибонаи ДДОТ 708 нафар, аз ҷумла 156 нафар духтарон, таҳсил мекарданд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муҳлати кӯтоҳ биноҳои замонавӣ барои таҳсил ва хобгоҳу китобхона сохта, ба истифода дода шуданд. Дар давраи роҳбарии Сайдамир Ҷононов як факултет, ҳафт кафедра ва даҳ ихтисоси нав, аз қабили математика-информатика, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, химия ва биология, технология ва соҳибкорӣ, география, географияи ҳифзи табиат, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (дар соҳаи маориф), менеҷменти иҷтимоӣ (дар соҳаи маориф), низоми иттилоот ва рӯзноманигорӣ таъсис дода шуд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 таҳти № 206 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ташкил карда шуд.

Баъди донишкадаи мустақил эълон гардидани муассисаи мазкур ба он як факултет ва чор кафедра илова шуд. Имрӯз 77 нафар устодон дар ин донишкада ба донишҷӯён сабақ меомӯзанд, ки 14 нафарашон занон мебошанд.

Дар донишкада 2029 нафар донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз ин 901 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1128 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Сол то сол сафи духтарони маҳаллӣ, ки орзуи идома додани таҳсилро доранд, рӯ ба афзоиш аст. Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имконият фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таълимии минтақа бо мутахассисони соҳибтаҳсилоти касбӣ баъди чанд соли дигар роҳи ҳалли худро пайдо намояд.[1] То соли 2015 1500 нафар донишҷӯ Донишкадаро хатм намудаву ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.[2]

Факултаҳо вироиш

Соли 2015 Донишкада дорои 4 факултет, 13 кафедра мебошад. Аз ҷумла, дар донишкада кафедраҳои иқтисод, таърих ва ҳуқуқ, математика — физика, забони англисӣ, математика ва методикаи таълими он, забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, ҷомеашиносӣ, педагогика — психология, таърихи халқи тоҷик ва технология ва информатика вуҷуд дорад, ки донишҷӯёни ин даргоҳ бо 15 ихтисос онро хатм менамоянд. Дар таълимгоҳ 174 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин ҷумла 100 нафари онҳо омӯзгорон буда, 10 нафарашон докторони илм, 23 нафарашон номзадҳои илм, дотсент, 31 нафарашон муаллими калон ва боқимонда ассистентҳо мебошанд, ки ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд. Алвақт шумораи умумии донишҷӯён 2245 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин 858 нафари онҳо дар шуъбаҳои рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.[1]

Маъмурият вироиш

Аз моҳи июни соли 2008 то моҳи апрели соли 2011 сарварии филиали донишгоҳро Иброҳим Исроилов ба уҳда дошт. Соли 2011 бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Сайдамир Ҷононов ба вазифаи ректори филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.

Ректорони Донишкада вироиш

Пайвандҳо вироиш

  1. 1.0 1.1 [ http://sadoimardum.tj/maorif/dargo-i-ma-rifat-dar-rashtonzamin/ Даргоҳи маърифат дар Раштонзамин]
  2. [ http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=19527 Донишманд]
  3. 3.0 3.1 Таъиноти кадрӣ/Сомонаи Президенти ҶТ