Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб — собиқ филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Моҳи марти соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб мақоми Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб намуд.[1]

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

(ДТМИК)
Соли бозтаъсис 13 марти 2015
ректор Шоҳиён Алмосшо Набот
Донишҷӯён 1721
Нишонии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб – 735140, маҳаллаи Борбад
Сайт dtmik.tj

Маълумоти мухтасар вироиш

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2003 дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Ногуфта намонад ки донишкада дар сатҳу сифати пасти таҳсилот қарор дорад бар замми ин ба донишҷӯён ҳангоми супоридани имтиҳон ки 20 саволро дар бар мегирад ҳамагӣ 7 дақиқа дода мешавад

Таърих вироиш

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб муддати 12 сол фаъолият дошта, имрӯз (2015) дар ин муассиса 1721 нафар ва ҳамчунин дар даҳҳо мактабҳои олии Русия боз 1200 нафар донишҷӯёни филиал таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни Кӯлоб, ки дар Донишгоҳи технологии Воронеж ва Академияи кишоварзии ин шаҳр таҳсил мекунанд[1]

Факултаҳо вироиш

Иқтисодиёти раками ва зехни сунъи

Муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос»

Муҳандисӣ - технологӣ Муҳандисӣ-энергетикӣ

Тайёрии заминавӣ ва таҳсилоти фосилавӣ

Маъмурият вироиш

Ректор — доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот

Ноиби ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳакимов Искандар Бозорович

Эзоҳ вироиш