Эжен Бюрнеф (8.4.1801, Порис – 28.05.1852, ҳамон ҷо), шарқшинос˗эроншинос ва ҳиндушиноси фаронсавӣ.

Эжен Бюрнеф
Бюрнеф, Эжен
Burnouf Eugène.jpg
Таърихи таваллуд: 8 апрел 1801(1801-04-08)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Тахрихи даргузашт: 28 май 1852(1852-05-28)[1][2][3][…] (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Шогирдони маъруф: Rudolf von Roth[d]
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викисанбор

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи Порисро дар риштаи адабиёт ва ҳуқуқ хатм кардааст (1824). Забони санскритро аз дӯсти падараш – донишманд Антуан Леонард де Шези, забони хитойиро аз А. Ремюз омӯхт. Б. бунёдгузори Анҷумани осиёии Порис (1822) мебошад. Солҳои 1829–43 дабирии онро ба уҳда дошт. Б. дар Коллеҷ де Франс кор мекард. Дар ин ҷо унвони профессорӣ дошт. Пас аз вафоти А. Шези соли 1832 ба вазифаи мудири кафедраи санскрити Коллеҷ де Франс таъйин гардид. Ӯ ҳамроҳи ҳамкораш Кристиан Лассен ба омӯзиши забони палӣ – забони наздик ба санскрит шурӯъ кард. Забони палӣ забони мазҳабии будоия буд, ки аз тариқи Сейлон ба дигар кишварҳо – Бирма, Тайланд паҳн гардида буд. Дар бораи ин забон ду китоби Б. ва ҳамкоронаш ба табъ расидааст (1826, 1827). Солҳои 30 садаи XIX˗ро, ки Бюрнеф ба омӯзиши Авесто ва бахшҳои он шурӯъ кард, И. С. Брагинский оғози давраи дуюми омӯзиши Авесто дар Аврупо донистааст. Б. усули илмии филологии рамзкушоии матнҳои Авесторо таҳия намуд. Дар корҳои худ аз дастнависҳое, ки Анкетил Дюперрон аз Ҳиндустон оварда буд, инчунин аз дастнависҳои мавҷуда дар китобхонаҳои кишварҳои дигари Аврупо истифода мекард. Бо истифода аз якчанд дастнавис дар тӯли солҳои 1829–43 матни интиқодии яке аз бахшҳои муҳимми Авесто – «Вандидод»˗ро (Бюрнеф асари ба табъ расондаашро «Вандидоди сода» номидааст) интишор намуд. Чопи интиқодии Бюрнеф муқаддима ва таҳқиқи пурарзише дорад ва аз ҷониби пайравони зардуштия, махсусан порсиёни Ҳиндустон, хуб пазируфта шуда буд. Кори арзандаи дигари Бюрнеф оид ба Авесто «Тафсири Ясно»˗ст (бахши якуми Авесто) мебошад, ки солҳои 1833–35 ба табъ расидааст. Аз 72 боби «Ясно» Бюрнеф танҳо бобҳои якум ва нуҳумро тарҷумаву тафсир кардааст, вале шарҳу эзоҳот, рамзкушоиҳои филологии Бюрнефро ба ҳамаи бобҳои «Ясно» ва бахшҳои дигари Авесто татбиқ метавон кард. Б. дар тарҷума ва тафсири худ аз тарҷумаи санскритии «Ясно», ки Нериосанг ном зардуштие анҷом дода буд, истифода кардааст. Дар ин асар Б. алифбои забони авестоиро мураттаб намудааст. Соли 1836 Бюрнеф ба рамзкушоии матнҳои Катибаи Бесутун мансуб ба Доро ва Хашиёршоҳ машғул шуда, дар ин бобат кашфиёте кардааст. Вай пай бурд, ки дар яке аз ин катибаҳо кишварҳои тобеи давлати Ҳахоманишиён номбар шудаанд. Бо муқоисаи ин номҳо ба забони юнонӣ ба вай хондани матни Катибаи Бесутун муяссар гардид. Бюрнеф инчунин аз рӯйи матни катибаҳо алифбои забони форсии қадимро иборат аз 30 ҳарф тартиб додааст. Ӯ инчунин матн ва тарҷумаи фаронсавии яке аз осори адабиёти санскрит «Бҳагават˗пурана»˗ро дар се ҷилд ба табъ расонидааст (1840˗1847). Оид ба таърихи будоияи ҳиндӣ асаре дорад бо номи «Мадхали таърихи будоияи ҳиндӣ».

ОсорВироиш

Essai sur la Pali. Paris,1826; Vendidad Sade, l’un des livres de Zoroastre. Paris, 1829˗1843; Commentaire sur Yasna, l’un des livres liturgiques des Parses. Paris, 1833˗1835; Memoire sur les inscriptions cuneformes. Paris, 1838; Bhagavata Purana ou histoire poetique de bonne loi, traduit sanskrit, accompagne d’un commentaire et de vingt et un memoires relatives au buddhisme. Paris, 1973.

АдабиётВироиш

  • Брагинский И. С. Из истории персидской и таджикской литературы. М., 1975;
  • Эрман В. Г. Очерк истории ведийской литературы. М., 1980;
  • Историография истории Древнего Востока: Иран, Средняя Азия, Индия, Китай. СПб., 2002;
  • دانشنامۀ زبان و ادب فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۶هـ. ش

СарчашмаВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): اوپن ڈیٹا پلیٹ فارم, платформа відкритих даних, платформа открытых данных, plateforme de données ouvertes, piattaforma di dati aperti, Opendata-Plattform, otevřená data platforma, åben-data-platform, տվյալների բաց շտեմարան, platforma za odprte podatke, plataforma de datos abierta, plataforma de dados aberta, платформа адкрытых дадзеных, платформа на отворените данни, platforma otwartych danych, ашық деректер платформасы, ачык маалыматтарды платформа, açıq məlumat platforması, ochiq ma'lumotlar platforma, açık verilerin platformu, платформа отвореног података, platforma otvorenih podataka, platforma otvorenog podataka, platforma otvorených údajov, πλατφόρμα ανοικτών δεδομένων, platformu atklātā datu, platforma atvira duomenų, platvormi avatud andmete, avoimen datan foorumi, nyílt adatok platformja, პლატფორმა ღია მონაცემები, платформа за отворени податоци, нээлттэй мэдээллийн тавцан, platformă de date deschise, platformo de malferma datumoj, open data platform, плятформа адкрытых зьвестак, Усьтэм даннойёслэн платформазы, асыҡ мәғлүмәт платформаһы, açıq malümat platforması, açıq malümat platforması, ачык малюмат платформасы, öppen dataplattform — 2011.
  2. 2.0 2.1 Комитет исторических и научных работ — 1834.
  3. 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.)Leksikografski zavod Miroslav Krleža, 1999. — 9272 с. — ISBN 978-953-6036-31-8
  4. Туринская академия наук — 1757.
  5. Список профессоров Коллеж де Франс