Юнус (Юнис) Ҳусейнович Мамедов (тав.1.08.1944, Ашқобод – 1995, Душанбе) — композитори тоҷик. Аз соли 1970 узви ИК СССР.[1]

Юнус (Юнис) Ҳусейнович Мамедов
Юнис Ҳусейнович Мамедов
Таърихи таваллуд 1 август 1944(1944-08-01) (79 сол)
Зодгоҳ Ашқобод

Зиндагинома вироиш

Соли 1965 омӯзишгоҳи мусиқии Ашқобод ва 1971 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1971-73 муаллими омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва аз соли 1973 муаллими калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Ҳоло Мамедов аз Тоҷикистон муҳоҷират кардааст.

Эҷодиёт дар Тоҷикистон вироиш

Эҷодиёти Мамедов саршори драматизм, лиризми баланду эҳтиросоти амиқ аст. Ба қавли Э. Гейзер: «Асоси услубии мусиқии Мамедов нотакрор буда, дар онҳо унсурҳои маданияти мусиқӣ, анъана ва фолклори халқҳои тоҷик, туркман ва озар ба ҳам омезиш ёфтаанд. Дар асарҳои ӯ набзи замон ва талаботи давр ба хубӣ эҳсос мешавад. Мамедов дар жанрҳои мухталиф асар офаридааст». Осораш – 4 симфония (1969, 1971, 1978, 1982), балет – триптих сегона: «Достони кӯҳсор» (1985), моноопераи «Умари Хаём» (1985), консерт барои скрипка бо оркестри симфонӣ (1978), 3 достон: яке барои оркестри симфонӣ (1980), дигаре барои оркестри созҳои халқӣ (1982) ва севумин бо номи «Коммунист» барои оркестри симфонӣ ва ровӣ (1968); асарҳои камеравӣ: 2 соната – яке барои фортепиано (1971), дигаре барои виолончел (1983), 3 квартети торӣ, суруду романсҳо ва ғ. Бештари асарҳои Мамедов дар нашриётҳои ҷумҳуриявӣ ва иттифоқӣ нашр шудаанд.[1] Бо пайдоиши арғунун дар Тоҷикистон, композиторони чумҳурӣ як теъдод оҳангҳо барои ин асбоби мусқӣ эҷод намуданд, аз ҷумла, «Достони миллӣ» ва силсилаи овозии «Рубоиёти Умари Хайём» (барои баритон ва Арғунун)-ро Юнис Мамедов аз ҳамин ҷумлаанд. Аввалин арғунуннавози тоҷик Дилбар Валаматзода ин асари мусқии Мамедовро дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бомаҳорат иҷро намудааст.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 222-223 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
  2. Арғунун

Адабиёт вироиш

  • Ком­позиторы и музыковеды Таджикистана. Д., 2010.
  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.