Рустамбек Юсуфбеков

(Тағйири масир аз Юсуфбеков Рустамбек)

Рустамбек Юсуфбеков — ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1972), профессор (1984). Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1975).[1]

Рустамбек Юсуфбеков
Юсуфбеков Рустамбек.jpg
Таърихи таваллуд: 1923
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 март 2007(2007-03-05) (83 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: ходими давлатӣ,олим
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

ЗиндагиномаВироиш

Рустамбек Юсуфбеков Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ро хатм кардааст (1950)., ихтисос – «иқтисоди сиёсӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: самаранокии бахши кишоварзӣ, рушди беҳбуди моддӣ ва сатҳи фарҳангии мардум, самаранокии иқтисодии маорифи халқ. Мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1956-1959). Муовини мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои КМ ПК Тоҷикистон (1959-1962), вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Профессори кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984-2000).

ҶоизаҳоВироиш

  • Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»

МанобеъВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.