Худоёр Юсуфбеков
(Тағйири масир аз Юсуфбеков Худоёр Юсуфбекович)
Худоёр Юсуфбеков — доктори илмҳои кишоварзӣ (1969), профессор (1984). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1976) Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989)
Худоёр Юсуфбеков | |
---|---|
Худоёр Юсуфбекович Юсуфбеков | |
| |
Таърихи таваллуд: | 10 декабр 1928 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон, ҶМШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 27 ноябр 1990 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | биология, кишоварзӣ |
Ҷойҳои кор: | Бунгоҳи биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон, Институти биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон. |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ: | Q40022323? |
Ҷоизаҳо: |
Ходими хизматнишондодаи илм (1978), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989), ![]() ![]() |
Имзо: |
![]() |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Худоёр Юсуфбеков Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст (1954), ихтисос – «растанишиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: растанишиносӣ, зироаткории кӯҳӣ ва чарогоҳшиносӣ. Директори Бунгоҳи биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1969). Директори Институти биологии Помири АИ ҶШС Тоҷикистон (1969-1981). Ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1981-1986). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии АИ ҶШС Тоҷикистон (1986-1990).
ҶоизаҳоВироиш
- Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1981),
- медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1966), «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» (1970),
- Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978),
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989),
- Ифтихорномаи фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.[1]
ЭзоҳВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с