Юсуфҷон Аҳмадов (тав. 24 апрели соли 1950, ш.Конибодом), муҳандис-механик, ходими давлати, аз оилаи омӯзгор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995) мебошад. Писари муаллим Ахмадчон Дадочонов.

Юсуфҷон Аҳмадов
ходими давлатӣ

Соли 1976 мактаби миёнаи №2 ва соли 1972 факултаи механики Институти хоҷагии рустои Тоҷикистон (холо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Бештари фаъолияти кориаш дар Чамъияти Саххомии «Бодом» ( собик «заводи Автозапчаст», баъдан заводи тачхизоти тормози) гузаштааст. Дар вазифаи механик, устои калон, сардори истеҳсолот ва сармуҳандиси завод кор кардааст. моҳи апрели соли 1987 сарвари коргох интихоб шуд. Тахти рохбарии ӯ коргох ба дастгохҳои навтарин тачхизонида шуда, истеҳсоли дучархахо барои калонсолон ва бачагон, аробача барои мачрухон, истеҳсоли кубурхо, қисмҳои эхтиёти барои тракторхо ба рох монда шуд. Ахмедов Ю. дар интихоботҳои умумихалқии солҳои 1990, 1995, 2000,2005 чахор маротиба ба вакилии Шурои Олии Тоҷикистон ва вакилии халқ дар Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2000 Раиси кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва комуникатсия интихоб гардид.

Ахмадов Ю аз соли 1994 узви Раёсати Иттифоки илмии- саноати Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви вобастаи Академияи Муҳандисии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Бо нишони сарисангии «Аълочии хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медалу ифтихорномахо мукофотонида шудааст.