Ярослав Ҳейровский

Ярослав Ге́йровский (чехӣ: Jaroslav Heyrovský; 20 декабри 1890, Прага27 марти 1967, ҳамон ҷо) — кимиёшиноси чех, асосгузори полярография, узви АИ Чехословакия (1952), узви хориҷии АИ ИҶШС (1966).

Ярослав Ҳейровский
Таърихи таваллуд 20 декабр 1890(1890-12-20)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 март 1967(1967-03-27)[4][1][2][…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кимиё, polarography[d][3], шимии физик[d][3] ва discoveries and inventions[d][3]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Порис (1918). Солҳои 1910–13 дар коллеҷи Донишгоҳи Лондон таҳти роҳбарии Ф. Доннан таҳсил ва кор кардааст. Аз соли 1922 ёвари профессор, аз соли 1926 профессори кафедраи кимиёи физикии Донишгоҳи Порис, аз соли 1950 директори Институти давлатии полярографияи Прага буд. Соли 1922 раванди электролизро дар электроди симобии қатравӣ таҳқиқ намуда, вобастагии барқароршавии устувору оксидшавиро аз табиати моддаҳо муқаррар карда, бузургии ҷараёни диффузӣ ва консентратсияи моддаҳоро дар электролит ошкор сохт. Барои ихтирои полярограф ва рушди усулҳои таҳлилу полярографӣ сазовори ҷоизаи Нобел гардидааст (1959).

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш