Ғании Кашмирӣ
Ғании Кашмирӣ (форсӣ: ملا محمدطاهر غنی کشمیری; 1630, Кашмир — 1668, Кашмир) — шоири форсизабони сабки ҳиндӣ.
форсӣ: محمدطاهر غنی کشمیری | |
Таърихи таваллуд: | 1630 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1668 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишҒании Кашмирӣ аз суханварони тавонои садаи XVII дар Кашмир буда, бо вуҷуди он, ки дар замони суханвароне чун Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ зистааст дар ҷодаи сухан мақоми волоеро соҳиб гаштааст. Номи пурраи шоири ширингуфтор Мулло Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ мебошад. Ғанӣ тахаллуси вай буда дар «Каламот-уш-шуаро» ба он ишора шудааст. Вай дар оғози шоирии хеш ин тахаллусро баргузидааст. Дар тазкираи " Сарви озод " ҳам чунин омадааст: «Ғанӣ ба ғанои табиӣ мабзул буд ва бо васфи бедастгоҳӣ ба ҳузури хотир ба сар мебурд. Аз ин ҷост, ки Ғанӣ тахаллус мекунад»(2, 10)
Дар «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳулло Сафо гуфта шудааст, ки аслан тоифаи Ғании Кашмирӣ аз Хуросон аст ва онҳо ҳамроҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир омаданд, ки қабилаи шоир аслан Ашноӣ будааст. Дар бобати лақаби «Мулло» ё «Мавлоно» дар тазкираи «Таърихи Аъзамӣ» (24-173), «Мавлоно» дар тазкираҳои «Маҷмаъ-ун-нафоис» (21-260-261), «Сарви озод»(13-102), «Суҳуфи Иброҳим» (11-252), "Гули Раъно «(12-861), „Натоиҷ-ул-афкор“ (17-513), „Шамъи анҷуман“ (22-339) ва дар „Таърихи адабиёти дар Эрон“-и Забеҳулло сафо ин унвон яъне „Мулло“ пеш аз исми шоир оварда шудааст. Шоёни зикр аст, ки дар гузашта ин унвон ба исми шахсони барҷастаи ирфонӣ ҳамроҳ мешуд. Дар хусуси фазилати ирфонӣ ё мазҳабӣ доштани Ғании Кашмирӣ муҳаққиқон ишораҳо доранд. Ва беҳуда нест, ки Забеҳулло Сафо ҳам ба номи шоир ин унвонро ҳамроҳ кардааст. Падари шоир ҳам ба яке аз орифони машҳур Хоҷа Тоҳир Рафиқи Ашоӣ иродати зиёд доштааст ва фарзандашро ҳам бад-ин ном гузоштанаш аз ҳамин сабаб буд (24-171). Зодгоҳи шоир аз рӯи тазкираҳо шаҳри Кашмир аст. Ва ба қабилаи Ашоии Кашмир мансуб буданашро низ зикр намудаанд. Ғании Кашмирӣ шогирди Мулло Мӯҳсини Фонӣ будааст. Муҳсини Фонӣ яке аз орифони давраи Ғании Кашмирӣ будааст. Дар мавриди соли вафоти шоир дар „Таърихи адабиёт дар Эрон“- и Забеҳулло Сафо оварда шудааст, ки вай то соли 1079—1668, се сол пеш аз марги устоди худ Фонӣ даргузашт. Дар хусуси фавти Ғании Кашмирӣ дар дебочаи девони ӯ аз Муҳаммад Мусаллами Санъӣ оварда шудааст:
- Аз фавти Ғанӣ гашта гаҳу маҳҒамгин,
- Ҳар кас шуда дар мотами ӯ хокнишин.
- Таърихи вафоташ ар бипурсанд, бигӯ
- „Пинҳон шуда ганҷи ҳунаре зери замин.“
Таърихнависон дар бобати фавти шоир ихтилоф доранд. Дар Таърихнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон дар мавриди вафот ва дафни шоир чунин гуфта шудааст: „Вафоташ дар соли 1688 дар Кашмир иттифоқ афтод ва ҳамонҷо дар Мақбарат-уш-шуаро дафн гардид“.
Мероси адабӣ
вироишОсори адабии шоир бисёр пурмазмуну гаронқадр аст. Ғании Кашмирӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар адабиёти форсӣ ба шеър як нигоҳи тоза доштааст. Ў аз аввалин касонест, ки ба суннатҳои таърихи адабиёти тоҷик диди нав андохта, баъзе нигоҳи гузаштагонамонро ба шеър напазируфтааст.
- Аз ман кунед нухсаи давонагӣ талаб,
- К-аз дафтари ҷунун задам интихобҳо.
Мероси адабии Ғании Кашмирӣ, ки то замони мо омада расидаанд аз 2039 байт иборат мебошад. Сироҷиддиналихони Орзу менависад, ки Мирзо Соиб дусад байт аз девони ӯ интихоб зада дар сафинаи худ навишт ва то ҳол баёзи мазкур пеши баъзе ҳаст» Дар «Суҳуфи Иброҳим»-и Иброҳималихони Халил гуфта шудааст, ки Ғанӣ дар ҳолати истилои мараз тамоми ашъори худро ба гӯши тааммул шунида, он чи лоиқ донист, нигоҳ дошт ва боқиро ба об андохт. Аз ин ҷост, ки Ғазалаш аксар як байт, ду байт ва баъзе бематлаъ воқеъ аст" Аз рӯи қавли Муҳаммадафзали Сархуш девони Ғаниро Муҳаммадалии Моҳир ном шогирдаш тартиб додааст. Вале ҳеч нусхае аз он девон то имрӯз ба даст наомадааст. Агар ривояти Сархуш саҳеҳ бошад, пас он нусха аз байн рафтааст. Нусхаи девони Ғаниро, ки борҳо ба табъ расидааст, соли 1079—1668—1669 яъне ҳамон соли вафоти ӯ шогирдони дигараш, ки дар боло зикрашон рафта буд, Муҳаммадмусаллам Санъӣ ва Лола Малик Шаҳид мураттаб сохтаанд. Қадимтарин нусхаҳои дастхати девони Ғанӣ, ки дар солҳои 1669, 1677 ва 1714 китобат шудаанд, дар китобхонаи «Мулк академӣ»-и Сарнигар нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин чанде аз нусхаҳои дастхати дар садаи XVIII китобатшудаи девонҳои Ғанӣ дар китобхонаҳои «Ҷамъияти Осиёии Бангола»-и Калкатта, «Бонгипур», ва «Худобахш»-и Патнаи Ҳиндустон маҳфуз аст(2, 24). Дар захираи дастнависҳои Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон зери рақамҳои 1201, 1416, 803 (ф-1174) се нусха ва дар китобхонаи давлатии оммавии республикавии ба номи А. Фирдавсӣ таҳти рақами 211 як нусха девони дастхати Ғании Кашмирӣ мавҷуданд. Девони Ғанӣ дар солҳои 1845, 1855, 1862, 1869, 1876, 1878, 1891, 1898, ва 1931 нуҳ маротиба дар матбааҳои Лакҳнав ва Конпур]] чоп шудааст.
Намунаи осор
вироиш- Ҷунуне ку, ки аз қайди хирад беун кашам поро,
- Кунам занҷири пои хештан домони саҳроро.
- Ба базми майпарастон мӯҳтасиб хуш иззате дорад,
- Ки чун ояд ба маҷлис шиша холӣ мекунад ҷоро.
- Агар шуҳрат ҳавас дори асири доми узлат шав,
- Ки дар парвоз дорад гушагирӣ ном анқоро.
- Ба базми майпарастон саркашӣ бар тоқ неҳ, зоҳид,
- Ки мерезанд мастон бемуҳобо хуни миноро.
- Шикаст аз ҳар дару девор меборад магар гардун,
- Ба ранги чеҳраи мо рехт ранги хонаи моро.
- Надорад раҳ ба гардун рӯҳ то бошад нафас дар тан,
- Расоӣ нест дар парвоз мурҒи риштадарпоро.
- Ғанӣ рӯзи сиёҳи пири Канъонро тамошо кун,
- Ки равшан кард нури дидааш чашми Зулайхоро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғании Кашмирӣ / А. Fаффоров, З. Fаффорова // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Ғании Кашмирӣ. Девон, таҳиякунанда ва муллифи муқаддима Аҳмади Карамӣ. — Теҳрон, 1362 ҳ.
- Ғании Кашмирӣ. Мунтахабот, тартибдиҳанда ва муаллифи муқаддима ва тавзеҳот Абдуллоҷон Ғаффоров. — Душанбе, «Ирфон», 1978.