Хоҷа Оқибат Маҳмуд Ғозии Кашмирӣ (қарни XVIII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Ғозии Кашмирӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Кашмир ба дунё ома­да, зиндагияш асосан дар шаҳри Азимобод гузаштааст. Ба шеър­гӯӣ бо тахаллуси Нозим шурӯъ карда, сипас онро ба Ғозӣ иваз намуд. Тазкиранигор Биндробан Доси Хушгӯ («Сафинаи Хушгӯ») аз ӯ чун шоири хушсалиқа, шахси хушфикр, баландталош, моҳир дар фанни шеъру иншо ёд кардааст. Намунаҳои абёташ дар тазкираҳои гуногун, аз ҷумла, дар «Суҳуфи Иброҳим», «Гули раъно» оварда шудаанд. Абёти зер аз ӯст:

Fубори хотири ошиқ ба гардун мезанад паҳлу,
Сиришки дидаи пурнам ба Ҷайҳун мезанад паҳлу.

Рӯят аз гармии май як чамани гул шудааст,
Чашмат аз бодакашиҳо қадаҳи мул шудааст.

Адабиёт

вироиш