Ғулом Ҳамидович Хоҷаев (тав. 5.01.1957, ноҳияи Ёвон), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1999).

Ғулом Хоҷаев
Ғулом Ҳамидович Хоҷаев
Таърихи таваллуд 5 январ 1957(1957-01-05) (67 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1974–1979 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1979–1980, 1981–1988 муаллими фанни географияи мактаби миёнаи № 52 ш. Душанбе, 1980– 1981 афсари Артиши Шӯравӣ, 1988–1992 ҷонишини директори мактаби миёнаи № 53 ш. Душанбе оид ба таълим буд. Солҳои 1992–1995 ҳамчун муаллими кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кардааст. Аз соли 1995 то ба имрӯз дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2000–2007 вазифаи ҷонишини декани факултети иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи ДДТТ оид ба таълимро ба уҳда дошт. Аз соли 2008 то ба имрӯз мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии донишгоҳи номбурда аст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ мебошад.

Осор вироиш

  • Нақши хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ (Воситаи таълимӣ), Д., 1998;
  • Иқтисодиёти ҷаҳон (Воситаи таълимӣ), Д., 2001.

Пайвандҳо вироиш