Қавсайн - аломати дугонаи китобатист барои ҷудо кардани калимаҳои алоҳида ё қисмҳои ҷумла, ки матни асосиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Дар математика Қавсайнро барои ишораи тартиби иҷрои амалҳои математикӣ истифода мебаранд. Қавсайн муқаррарӣ – ( ), квадратӣ – [ ], ислимӣ – (-), моил – I I ва шикаста < > мешавад.[1]

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 312