Қалъаи Ҳисоракёдгории меъморӣ, дар шимоли Тоҷикистон (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Суғд), дар канораи деҳаи Падаски ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вокеъ аст.

Санагузорӣ

вироиш

Қалъаи Ҳисорак ба асри III мансуб аст.

Таърих

вироиш

Қалъаи Ҳисорак дар масоҳати 7 га қомат афрохта, хеле қадимист, таърихи беш аз 1800-сола дорад. Қалъа як истеҳкоми муҳими мансуб ба "Маршкат"-и қадим, пойтахти Масчоҳи куҳан, яъне Мадрушкати ҳозира мебошад, ки шоҳи Мадрушкат ин ҷо менишаст. Қалъа аз се бахш: "Шоҳнишин", "Куҳандиз" ва "Шаҳристон" иморат ёфта, ки алҳол ҳама зери хок мондааст. Осорҳои зиёд пайдо гардидаанд, ки ба фарҳанги зардуштӣ марбут мебошанд. Қалъаи Ҳисорак аз ҷиҳати аҳамияти омӯзиш ба "Қаҳқаҳа" баробар аст ва аз ҳама бузургтарин иншооти таърихии водии Зарафшон маҳсуб мешавад. Дар қисмати ғарбии қалъа ҳавзҳоро дарёфт кардаанд, ки аз он ҷо ба қалъа об мерафт. Об ба ин ҳавзҳо аз чашмаи Лолахон тавассути лӯлаҳои сафолии дар зеризамин нуҳуфта меомад. Ва ин низоми обёрии замони куҳанро низоми обёрии корезӣ мегуфтанд, ки сар то сари ин минтақа маъмул буд. Дар қисмати ҷанубии қа-лъа дарвоза - арки воридшавӣ мавҷуд аст, ки ин ягона вурудгоҳ-роҳи ба қалъа ворид шудан асту халос. Қалъа дигар аз ягон ҷониб роҳи даромад надорад. Бостоншиносон чандин иншоотҳои ҳайратангези ин қалъаро аз зеризамин кофта баровардаанд, ки муҳимтаринаш толори дуошёнаи дарозиаш 19-метр мебошад. Ҳамчунин хонаҳои бисёреро, бо тарзи меъмории хос ва ороиши ҷолиб вобаста ба давру замонҳои гуногун пайдо намудаанд. Масалан, хонаеро дарёфт намудаанд, ки "Оташкада" ном дорад ва ба ҷониби офтоббаро нигаронда шудааст. Маълум, ки ин ҷои ибодатгоҳи оташпарастии Зардуштиён буд.

Пайвандҳо

вироиш

Қалъаи Ҳисорак Бойгонӣ шудааст 21 Декабри 2013  сол.