Қиматшо Иматшоев

(Тағйири масир аз Қиматшо Ҳимматшоев)

Қиматшо Иматшоев (30 апрел 1930, Хоруғ20 октябр 1972, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Қиматшо Иматшоев
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1930(1930-04-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 20 октябр 1972(1972-10-20) (42 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи синамо
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Қиматшо Иматшоев 30 апрели соли  1930 дар оилаи деҳқон дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Иматшоев Институти давлатии санъати театрию рассомии ба номи А. Н. Островский шаҳри Тошкент (ГИТХИС)-ро хатм намудааст (1954).

Корнома

вироиш

Актёри Театри драмаи мусиқии ба номи А. Рўдакии шаҳри Хоруғ (1954—1956), барандаи консерт ва сарояндаи Ансамбли мусиқӣ, тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956—1957), роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шаҳритус (1957—1958), актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1959—1972) фаъолият  намудааст.

Фаъолияти эҷодиаш асосан дар саҳнаи ҳамин театр рушду такомул ёфтааст. Ӯ дар бисёр намоишҳои драматургони тоҷик, рус, классикони ҷаҳон ва халқҳои бародари Иттиҳоди Шӯравӣ нақшҳои асосиро бозидааст.

Иматшоев дар давоми фаъолияти эҷодиаш чандин образҳои асосии фоҷиавию маҳзакавӣ ва романтикиро офаридааст ва маҳорати ҳунариаш бештар дар иҷрои нақшҳои маҳзакавӣ зоҳир гаштааст. Валтер Кид («Овози Америка»- и Б. Лавренов, 1954), Бахтиёр («Нисо»-и Б. Виталев, 1955), Ҳоҷиваққос («Арўси панҷсума»- и М. Урдубодӣ, 1961), Дзержинский («Соатҳои бурҷи Кремл»-и Н. Погодин, 1962), Муҳоҷир («Сароби хунин»-и С. Азимов, 1966), Раҳимбоев («Ҳурият»-и Ғ. Абдулло, 1967), Дилшод («Ҳукми модар» -и Ф. Ансорӣ, 1969), Анта («Мурдаҳои пок»-и Б. Нушич, 1970), Ҷўра Содиқович («Тағо ва ҷиноятҳо»-и Р. Бобоҷон, 1971), Труфалдино («Хидматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, 1971), Раҳмат («Ман Фахриддинов»-и Ҷ. Икромӣ, 1972) ва ғайра.

Иматшоев ҳамчунин ҳамчунин дар чандин филмҳо нақшҳои асосиро бомувафақият бозидааст: раиси колхоз, («Ҷўра саркор», 1967), директори музей («Минтақаи парвоз», 1969), мудири гараж (Роҳи сафар гуногун аст», 1974) ва ғайра.

Овозхонӣ

вироиш

Иматшоев маҳорати хуби сарояндагӣ ҳам дошт: алалхусус таронаҳои базмии тўёнаро хеле дилпазир иҷро мекард. Ба Афғонистон (1964, 1968) сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Даргузашт

вироиш

Қиматшо Иматшоев 20 октябри соли 1972 аз олам гузаштааст.

Ҷоизҳо

вироиш

Қиматшо Иматшоев бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970) қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш