Қосималии Қонунӣ (Устод Қосималии Қонунӣ, с.тав. 1499, Ҳирот, с.ваф. 1574, Ҳирот), сароянда, навозанда, оҳангсоз-таронасоз. Мусиқӣ, шеър ва диг. анвои ҳунарҳои бадеиро дар зодгоҳаш омӯхт. Дар санъати қонуннавозӣ «нодираи рӯзгор ва устоди замон» буда, дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «нақш», «амал», «пешрав», «қавл», «рехта» ба усулу авзо-ни мақомҳои «Рост», «Наво», «Ҳусайнӣ», «Ку-чак» таснифоти гуногунмавзӯъ сохта ва Восифӣ аз маҳорати баланди иҷроии Қосималии Қонунӣ гуфта:

Қосималии Қонунӣ
Қосималии Қонунӣ
Таърихи таваллуд 1499(1499)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1574(1574)
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Нолаи қонуни ӯ, к-аз наргиси ҷодуш буд, Чун нанолад з-он ҳама пайкон, ки дар паҳлӯш буд.

Муддате ба дарбори Султон Иброҳим Мирзои Сафавӣ (1568-1606), ки шахси мусиқидӯсту ҳунарвар буд, хидмат намуда ба ӯ асосҳои шеъру мусиқӣ, махсусан сознавозиро омӯзонидааст. Асарҳои барои сози қонун сохтаи ӯ «Пешрави қонун», «Савти нозу ғамза», «Амали қонун», «Нақши маҳ-вашон», «Рехта ба Наво», «Кор ба Рост» ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон шуҳрати зиёд доштаанд. Шеърро некӯ мегуфта, охири умр ба зодгоҳаш бармегардад (Ҳирот).

Адабиёт Вироиш

Восифӣ, Бадоеъу-л-вақоеъ, М., 1961; Дарве-шалии Чангӣ, Тӯҳфату-с-сурур, Р:449, ИВАН Уз.ССР; Соммирзои Сафавӣ, Тӯҳфаи Сомӣ, Теҳрон, 1338; Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373; Эн-сиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004.[1]

Ҳамчунин нигаред Вироиш

Сарчашма Вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 112 ISBN 978-99947-49-13-3