Қурбоналии Ноӣ (тав. номаълум, Миёнколот - ваф. тахм. 1630, Бухоро), навозанда, сароянда, шоир ва мусиқидон. Мусиқиро аз падараш, ки шоиру ҳунарманд буд, омӯхта, назди устодони созу овоз Кавкабии Бухороӣ (ваф.1535), Мираки Маҷруҳи Бухороӣ ҳунари сознавозӣ, асосҳои назари мусиқиро фаро мегирад. Қурбоналии Ноаз Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари Қонунӣ, Мавлоно Абӯлҳасани Самарқандӣ низ дарси ҳунар андӯхта, дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «амал», «қавл», «нақш», «рехта» ва ғ. таснифоти рангин сохта, махсусан «Куллиёт ба мақоми Рост» (тазмин ба Кавкабии Бухороӣ), «Нақши нолаи най», «Амали оташи ишқ», «Қавли шавқи ситези маҳбуба», «Пешрави ной», «Рехтаи Рост» назди устодону ромишгарони Бухорою Самарқанд, Марв, Миёнколот шуҳрати зиёд доштаанд. Қурбоналии Ночанд муддат ба сифати мутриб дар хидмати Имо-мқулихони Аштархонӣ (1611-1643) будааст. Табъи хуби шоирӣ дошта, ғазалу рубоӣ, қитъа, соқиномаро некӯ месурудааст.

Қурбоналии Ноӣ
Қурбоналии Ноӣ
Зодгоҳ Миёнколот, вилояти Бухоро
Таърихи даргузашт 1630(1630)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Адабиёт вироиш

Нисорӣ, Музаккиру-л-аҳбоб, Р:4282, ИВАН Уз.СС; Дарвешалии Чангӣ, Тӯҳфату-с-сурур, Р:449, ИВАН Уз.ССР; Муҳиту-т-таворих, Р:836, ИВАН Уз.ССР; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 114 ISBN 978-99947-49-13-3