Ҳабаннақа
Язид ибни Сарвони Қайсӣ (ар. يزيد بن ثروان القيسي), мулаққаб ба Зулвадаъот (ар. ذوالودعات) ва маъруф ба Ҳабаннақа (ар. هبنقة) — шоири маҷнун ё маҷзубе аз қабилаи Қайс ибни Саълаба, ки дар байни арабҳо дар ҳамоқат машҳур гашта буд.
ар. يزيد بن ثروان القيسي[1] | |
Забони осор: | арабӣ |
Зулвадаъот шаддае аз пӯсти садафҳои дарёӣ, сафолпораҳо ва устухонпораҳоро бар гардани худ меовехт ва чун аз вай сабаби ин амалро мепурсиданд, мегуфт: «То худамро гум накунам ва дар миёни дигарон бишиносам». Шабе бародараш он шаддаро аз гардани ӯ боз кард ва бар гардани худ овехт, вақте субҳ шуд ва Зулвадаъот шаддаро бар гардани бародараш дид, гуфт: «Бародарам, ҳоло ту ман ҳастӣ, ки шадда бар гарданат аст, пас ман кӣ бошам?». Аз сабаби он ки садафро ба арабӣ «вадаот» меноманд, ӯро ба Зулвадаъот — «соҳибсадаф» мулаққаб карданд. Ибни Халликон дар ҳамоқати Зулвадаъот оварда, ки шутуре аз шутуронаш рамид ва гум шуд. Фармуд: «Касе онро бароям пайдо кунад, ба вай ду шутур подош диҳам». Гуфтанд: «Дар ивази як шутур ду шутур диҳӣ!?» Гуфт: «Шумо ҳанӯз ҳаловати ҷустан ва шодии ёфтанро дарнаёфтаед». Пас бо ин кораш ба ҳамоқат шуҳрат ёфт. Аҳли қабила шутурони худро ба Зулвадаъот барои нигаҳбонӣ медоданд. Зулвадаъот ба шутурони фарбеҳ бештар диққат медод ва ба шутурони лоғар таваҷҷуҳ намекард. Гуфтанд: «Охир инҳо ба нигоҳубин сазовортар ҳастанд!» Гуфт: «Ман ҳам ба он шутуроне, ки Худо иноят карда, арҷ мегузорам ва ба онҳое, ки Худо хорашон сохта, арзише қоил нестам».
Эзоҳ
вироиш- ↑ الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 8. — С. 180.
Адабиёт
вироиш- Зулвадаъот / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.