Гомофония — навъи асари бисёровоза, ки дар он яке аз овозҳо, одатан, овози баланд (савти баланд) бартарӣ дошта, боқӣ ҳамаи овозҳо ба он ҷӯр мешаванд. Оҳанг дар асари Г.-вӣ мазмуни асосии образи мусиқиро ифода мекунад ва ҳамовозӣ ба он амиқӣ ва оромии бадеӣ мебахшад. Дар Юнони Қадим мафҳуми «гомофония» маънои аз тарафи ду ё зиёда овозҳои суруданӣ ё созҳо ба як рабту ҳамоҳангии якхела (унисон) иҷро намудани савту оҳангро дошт. Дар мусиқии академии Аврупои даврони нав мафҳуми Г. муродифи рабти ҳамовозии баробаровозӣ буд. Хусусияти асосии фарқкунандаи Г. таъсири мутақобилаи се табақаи ба ҳам вобаста: оҳанг, овози бам (бас) ва садоҳои миёна мебошад, ки бар хилофи полифония дарки махсуси эстетикии «пайвастагии тазодҳо»-ро ба вуҷуд меоваранд. Унсурҳои Г. аз охири асри 13 ба назар мерасанд (фобурдон, фротолла, вилланелла). Дар рушди Г. таҷрибаи иҷрои мадеҳаҳо бо арғунуну клавесин ё барбат (ҳамроҳ бо суруд) такони ҷиддӣ дод: сабки аккордӣ (ҳамоҳангӣ), ки хориқаи бассо‒кантинуо (баси пайваста)-ро ба вуҷуд овард (дар асри 17 ‒ аввали асри 18), аз ҳамин ҷо пайдо шудааст. Дар асрҳои 18-19 Г. инкишоф ёфт; дар ин давра қоидаҳои асосии ташаккул ва шаклҳои собити гомофонӣ (аз ҷумла сонатаи классикӣ) ба вуҷуд омаданд. Аз охири асри 19 Г. мавқеи пешсафиашро аз даст дод: шаклҳои омехта ба вуҷуд омаданд ва ҳама ба полифония майл карданд (С. И. Танеев, М. Регар, Б. Барток, П. Хиндемит, Д. Шостакович ва дигарон). Мусиқии халқии тоҷик низ Г. дорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003;
  • Новая российская энқиклопедия. Т. V (2). М., 2008.


Сарчашма вироиш